«Сиёма» истеҳсоли маҳлули антисептикӣ ба роҳ монд

0
165

«Сиёма» истеҳсоли маҳлули антисептикӣ ба роҳ монд

ДУШАНБЕ, 27.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма» дар радифи  истеҳсоли  обҳои ташнагишикан  ба истеҳсоли  маҳлули тиббии  антисептикӣ шурӯъ намуд. Маҳлули тиббии антисептикӣ дар зарфҳои ғунҷоишашон 250 мл, 330 мл, 500 мл, 600 мл, 1л, 1,5 ва 5 л пешкаши харидорон гардонида мешавад. Мутахассисону коргарони корхонаи «Сиёма»  ҳашт тонна  маҳлули тиббии антисептикӣ  истеҳсол намуда, пешкаши муштариён гардониданд. Корхона тасмим дорад, ки то анҷоми пандемия дар ҷаҳон тақрибан 10-12 тонна маҳлули тибии антисептикӣ истеҳсол намояд.

Тавре мудири  тиҷоратии Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани «Сиёма» Толибҷон Маҷидов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, тадбири мазкур бо мақсади тақвияти тадбирҳои беҳдоштӣ дар мамлакат дар самти  пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла  «COVID-19», ки  хуруҷи он дар ҷаҳон аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пандемия эълон гардидааст, роҳандозӣ гардидааст.

Мавсуф афзуд, ки алҳол иқтидори истеҳсолии корхонаи «Сиёма», ки чор намуди маҳсулот, аз ҷумла нӯшобаҳо ва обҳои ташнагишикан истеҳсол менамояд, 25 000000 литр мебошад.

Роҳбарияти ширкати «Сиёма» тасмим гирифтаанд, ки дар оянда маҳсулоти тавлидотии худро зери тамғаи «Made in Tajikistan» ба хориҷи мамлакат содирот намоянд.

Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикани  «Сиёма» моҳи августи соли 2019 дар пойтахт ба фаъолият шурӯъ намуд. Он бо хатҳои истеҳсолии муоcир аз ширкати бонуфузи «Сидел»-и Франсия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар корхона истеҳсоли обҳои газнок, бегаз ва обҳои хуштаъм дар зарфҳои пластикӣ ва шишагии гуногунҳаҷм ба роҳ монда шуда, намуди зоҳирӣ ва сифати он ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Фаъолияти корхонаи «Сиёма»  имконият медиҳад, ки минбаъд дар ин ҷо на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашуда низ истеҳсол карда шавад. Зеро корхона фаъолияти худро аз рӯи стандартҳои эътирофгардидаи ҷаҳонӣ роҳандозӣ кардааст.

Источник: khovar.tj