Шумораи қурбониёни коронавирус дар Чин ба 2870 нафар расид

0
114

Шумораи қурбониёни коронавирус дар Чин ба 2870 нафар расид

ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Теъдоди қурбониёни коронавирус дар Чин ба 2870  нафар расид, беш 41,8 ҳазор нафар шифо ёфтаанд, шумораи гирифторон аз 79,8 ҳазор зиёд гардид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбе Кумитаи давлатӣ оид ба масъалаҳои беҳдошт ва тандурустии ҶМЧ иттилоъ дод.

Рӯзи шанбе  кумитаи номбурда  дар бораи 2835 қурбонӣ, зиёда аз 79,2 ҳазор  сироятёфта  ва 39 ҳазор шифоёфта маълумот дод.

Дар байни минтақаҳои  сироятёфта  аз рӯи  шумораи беморон  музофоти марказии Хубей дар ҷои аввал қарор дорад,  ки тибқи маълумоти охирин, тақрибан  66,9  ҳазор  нафар онҷо  дар қайди беморианд, ки аз онҳо 2761  нафар фавтида, тахминан  31,2 ҳазор  нафар табобат ёфтанд.

         Акс: © Shi Zhi/EPA-EFE

Источник: khovar.tj