Шумораи сироятёфтагони коронавирус дар Чин дар маҷмӯъ ба 78 824 нафар расид

0
145

Шумораи сироятёфтагони коронавирус дар Чин дар маҷмӯъ ба 78 824 нафар расид

ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукуматдорони Чин дар як шабонарӯз  327 ҳолати  бемории коронавируси навро ба қайд гирифтанд, ки 44 нафар аз он фавтиданд. Ҳамин минвол, шумораи умумии мубталоёни  бемории мазкур  аз 78824 нафар иборат буда, 2788 кас ҳалок шудаанд, хабар медиҳад Кумитаи давлатӣ оид ба тандурустӣ ва беҳдошти Чин, иттилоъ додааст АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.    

Аз рӯи маълумоти  мақомот, 36117  нафар пурра  шифо ёфта, аз беморхона рухсат шудаанд.

Алҳол дар беморхонаҳо 39919  нафар бо табобат  фаро гирифта шудаанд, ки аҳволи 7952  нафар вазнин  аст. Дар кумита гуфтанд, ки 2308 нафари дигар гумонбари  бемории коронавирусанд.

Тибқи иттилои  идораи мазкур, дар вилояти Чин, дар музофоти Хубей, ки он маркази  хурӯҷи ин беморӣ гардидааст,  318 ҳолати нави  сироят ошкор шудааст, ки  313  адади он ба маркази вилояти Хубей рост меояд. 41 нафар дар  Хубей (28 нафар дар Ухан)  бар асари беморӣ ҳалок гаштаанд.

Источник: khovar.tj