Шумораи сироятёфтагони коронавирус берун аз Чин бори аввал аз нишондиҳандаҳои ҶМЧ зиёд гардид

0
132

Шумораи сироятёфтагони коронавирус берун аз Чин  бори аввал  аз нишондиҳандаҳои ҶМЧ зиёд гардид

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳодисаҳои нави сирояти коронавируси COVID-2019 дар рӯзи сешанбе, 25 феврал, бори аввал берун аз ҳудуди ҶМЧ назар  ба Чин зиёдтар шудааст. Тавре  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар ин бора рӯзи чоршанбе дар Женева Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адхан Гебрейюс эълом дошт.

Ҳамин тавр, тибқи маълумоти СУТ рӯзи сешанбе дар Чин шумораи мубталоёни COVID-2019  411 нафар ва берун аз марзи Чин 427 нафар афзоиш ёфтааст.Корвонавируси навъи COVID-19, ки сабаби илтиҳоби шуш мегардад, аз моҳи декабри соли 2019 аз шаҳри Ухани Чин- маркази маъмурии музофоти Хубэи Чин ба паҳншавӣ сар кард.

Тибқи маълумоти охирин, дар ҷаҳон шумораи одамоне, ки аз коронавирус сироят ёфтаанд, аз 80 ҳазор нафар гузашта, инчунин беш аз 2,7 ҳазор ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Источник: khovar.tj