Шукурҷон Зуҳуров ва Арарат Мирзоян ба тавсеаи бештари ҳамкории байнипарлумонӣ таъкид намуданд

0
117

Шукурҷон  Зуҳуров  ва Арарат Мирзоян ба тавсеаи  бештари ҳамкории байнипарлумонӣ таъкид намуданд

ДУШАНБЕ, 05.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Арманистон дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои баӣналмилалию минтақавӣ дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян дар Ереван  баррасӣ гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки мо метавонем раванди мусбати муносибатҳои дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистону Арманистонро тақвият ва тавсеа бахшем.

Зикр шуд, ки  омили муҳимтарини муносибатҳои дуҷонибаи парлумонӣ ташрифи ҳайатҳои он буда, минбаъд муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Арманистон ба сатҳи сифатан нав баромада, дар таҳкими ҷузъҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангии муносибатҳои мо нақши муҳим хоҳанд дошт.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъияти арманиҳо фарҳанги қадимии ватани таърихии худро фаъолона рушд дода истодаанд, ки ин пули боэътимод миёни Тоҷикистону   Арманистон арзёбӣ мегардад.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкории мақомоти қонунбарор ва густариши муколамаи байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки «мақомоти қонунгузории мо бояд барои тавсеаи равобити иқтисодию тиҷории ду давлат тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Мо итминон дорем, ки густариши ҳамкории байнипарлумонӣ миёни кишварҳоямон имкон медиҳад, ки муносибатҳои Тоҷикистону Арманистон ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд».

Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон чандин сол пеш таъсис ёфта буд. Гурӯҳҳои дӯстӣ бояд барои густариши ҳамкории байнипарлумонӣ фаъолона кор бурда, ба масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Шукурҷон Зуҳуров аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба  изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкории зичу судовар бо Ҷумҳурии Арманистон манфиатдор буда, мо кӯшиш менамоем, ки бо муколамаҳои сатҳи олӣ барои амалӣ кардани нақшаву ниятҳои некамон такони ҷиддӣ бахшем».

Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Арарат Мирзоян  иброз дошт, ки «мардуми мо аз талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории сулҳу суботи комил дар давлати худ иттилоъ доранд ва ин заҳмату корнамоиҳои миллати барӯманди тоҷикро ҷиҳати ба даст овардани ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ қадр менамоянд.

Мо ҳамеша ба Тоҷикистон назари нек ва нигоҳи бародарона дорем. Ҷумҳурии Арманистон ҷонибдори густариши равобит ва ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла инкишофи пайгиронаи ҳамкории иқтисодиро бо Тоҷикистон аз ҷумлаи афзалиятҳои аввалиндараҷа медонем ва ин  муносибатҳоро дар оянда таҳким мебахшем».

Источник: khovar.tj