Шодихон Ҷамшед: Масъулини телефонҳои боварӣ ба муроҷиаткунандагон тавсияҳои дуруст ва дақиқ пешниҳод кунанд

0
42

Шодихон Ҷамшед: Масъулини телефонҳои боварӣ ба муроҷиаткунандагон тавсияҳои дуруст ва дақиқ пешниҳод кунанд

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед масъалаи фаъолияти телефонҳои боварии марказҳои саломатии пойтахтро баррасӣ намуда, гуфт, ки  бояд масъулини телефонҳои боварии марказҳои саломатӣ мутахассисоне таъйин карда шаванд, ки тавонанд ба муроҷитакунандагон тавсияҳои дуруст ва дақиқ диҳанд. Шаҳрвандон низ метавонанд дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои сирояти коронавирус ба табибони оилавӣ ва маркази саломатии маҳалли худ занг бизананд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд,  бо мақсади сари вақт  қабул намудани  муроҷиати шаҳрвандон ва  фавран расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар назди марказҳои саломатии шаҳри Душанбе  телефонҳои боварӣ  ташкил  шудаанд, ки шабонарӯзӣ фаъол мебошанд.

Ҳоло дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сари вақт пайдо намудани гирифторони COVID-19  ва ба табобат фаро гирифтани онҳо телефонҳои боварӣ бо рақамҳои 511 ва 311 ташкил шудаанд, ки шаҳрвандон метавонанд оид ба масъалаи мазкур ба онҳо муроҷиат намоянд.

Источник: khovar.tj