Ширкати «IRS»: роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ кушода шуд

0
74

Ширкати «IRS»: роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ кушода шуд

ДУШАНБЕ, 04.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза пеш роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ аз тармаҳо тоза карда шуда,  ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе оғоз гардид. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод. 

Ба иттилои Далери Абдулло, «то ҳанӯз хатари тармафароӣ дар ин минтақа мавҷуд буда, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд».

Ёдовар мешавем, ки давоми чанд рӯзи охир бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва зиёд будани хавфи тармафароӣ дар роҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ ҳаракати ҳама гуна намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ гардида буд.

Мавзӯи мазкур мавриди пайгирии доимии АМИТ «Ховар» қарор дошта, баробари дастрас гардидани хабари тоза дар бораи вазъияти роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ иловатан пешкаши хонандагони сомонаи Агентӣ гардонида мешавад.

Источник: khovar.tj