Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 90 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Деҳлӣ ба Душанбе овард

0
86

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» 90 шаҳрванди Тоҷикистонро  аз Деҳлӣ ба Душанбе овард

ДУШАНБЕ, 29.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 90 шаҳрванди боқимондаи мамлакат, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар Ҳиндустон дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Деҳлӣ ба Душанбе баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки бегоҳи 28 май бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Эйр Индия» кумаки башардӯстонаи Ҳиндустон иборат аз маводи доруворӣ барои мубориза бо коронавирус расид.

Акс аз бойгони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

Источник: khovar.tj