Ширкати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон”

0
127

Рӯзҳои 21-25 ноябри соли равон ҳайати расмӣ ва бахши хусусии кишвар таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар “Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон”, ки дар шаҳрҳои Берлин ва Гамбург баргузор гардид, иштирок намуданд.

Қобили қайд аст, ки ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ ва дарёфти имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ роҳбарони 7 бонки кишвар низ дар чорабинии мазкур ширкат варзиданд.

 Ширкати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон”

Ҳамин тариқ, санаи 21 ноябри соли 2022 дар шаҳри Берлин раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарони бонкҳои БДА ҶТ“Амонатбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСП Бонки “Арванд”, ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон” ва ҶСК “Ориёнбонк” дар мизи мудаввар бо намояндагони Ассотсиатсияи бонкҳои Олмон ва ташкилотҳои молиявии ин кишвар мулоқоти судманд анҷом доданд.

Дар ҷараёни ҷаласаи мазкур ҷонибҳо тавассути рӯнамо оид ба вазъи имрӯзаи низоми бонкии Тоҷикистону Олмон шинос гардида, атрофи масъалаҳои ҳамкориҳои ҷорӣ, имконот ва самтҳои ҳамкориҳои оянда мубодилаи афкор намуданд.

 Ширкати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон”

Ҳамзамон, аз ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зарурати ҷалби сармоягузориҳо ва қарзҳои дарозмуҳлат ба иқтисодиёти кишвар, махсусан, ба низоми бонкӣ ва ҳарчи зудтар вусъат додани муносибатҳои муросилотӣ байни бонкҳои тиҷоратии тарафҳо изҳор гардидааст.

Дар раванди сафар ҳайати низоми бонкии кишвар ба ширкати “Bundesdruckerei GmbH”, ки ба рақамикунонии сектори давлатӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла чоп намудани пул, шиносномаҳо ва ғайра машғул мебошад, ташриф оварда, бо самтҳои фаъолияти он шинос гардиданд.

 Ширкати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон”

Пас аз баргузории Форум, санаи 22 ноябр намояндагони низоми бонкии кишвар бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳо байни ташкилотҳои қарзии молиявии тарафҳо дар масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ ва қарзҳо, баррасии роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта, як қатор вохӯриҳо гузарониданд. Аз ҷумла, роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ҳангоми барпо намудани вохӯриҳо бо бонкҳои ODDO BHF, CommerzbankAG ва Landesbank Baden-Württemberg оид ба самтҳои фаъолият, мақсад ва вазифаҳои худ сухан ронда, ҷиҳати дар мадди аввал баррасӣ намудани масъалаи ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ бо асъорҳои доллари ИМА ва евро, инчунин пешниҳоди хатти қарзӣ, воситаҳои маблағгузории тиҷоратӣ ва бозорҳои пулӣ дархост намуданд.

Дар ҷараёни сафар раиси Бонки милии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким дар алоҳидагӣ бо роҳбарони бонкҳои “Deutsche Bundesbank” ва “Commerzbank” AG мулоқот анҷом дода, оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва мушкилиҳои ҷойдошта, инчунин самтҳои вусъат бахшидани ҳамкориҳо ибрози назар намуд.

 Ширкати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон”

Дар баробари ин, аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ва раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин бо намояндаи минтақавии Sparkassebank Hamburg ва фонди Sparkasse мулоқот гузаронида шуд. Зимни мулоқот бо фонди Sparkasse масъалаҳои идома додани ҳамкориҳои техникӣ дар шакли ташкили тренинг ва семинарҳо дар БДА ҶТ “Амонатбонк” ва дигар иштирокчиёни низоми бонкӣ, иштироки фонд дар маблағгузории амалигардонии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва дигар самтҳои эҳтимолии ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи иқтисодии ҷаҳон ва минтақа баргузор намудани “Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон” иқдоми саривақтӣ буда, ҷиҳати мустаҳкам намудан ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо байни низомҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олмон заминаи устувор мегузорад.

Шуъбаи матбуоти

БМТ

Источник: nbt.tj