Шиносоӣ бо вазъи нашъунамои помидор дар замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар Баҳриддин Маҳмадраҳимов

0
129

28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо вазъи нашъунамои сабзавот дар замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар Баҳриддин Маҳмадраҳимов шинос шуданд.

Баҳриддин Маҳмадраҳимов дар назди ҳавлии хеш 0,15 гектар замини корам дорад ва дар ин масоҳат 7 гармхона, аз ҷумла 4 адад гармхонаи замонавӣ ташкил намудааст.

Дар 4 гармхонаи замонавӣ обёрӣ бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст ва ин таҷрибаи соли якум мебошад. Бо истифода аз чунин усул, аз рӯи дурнамо фоидаи хуб ба даст оварда мешавад.

Дар гармхонаҳо асосан ниҳоли ду навъи помидор, аз ҷумла дар 5 гармхона навъи “Замира F1” ва дар ду адади дигар навъи “Галина”, дар умум 7500 бех ниҳоли помидор шинонида шудааст.

Ин ду навъи помидор ба иқлими минтақа ва дар шароити гармхона мувофиқ мебошад. Баҳриддин Маҳмадраҳимов иброз медорад, ки дар сурати дуруст ба роҳ мондани парвариш имкон аст аз як бех ниҳоли помидори навъи “Замира F1” то 10 килограмм ва аз навъи “Галина” то 6 килограмм ҳосил ҷамъоварӣ карда шавад. Давраи нашъунамои “Замира F1” аз 95 то 100  ва “Галина” аз 85 то 90 рӯзро дар бар мегирад.

Ниҳоли помидор дар гармхонаҳои ин қитъаи замини наздиҳавлигӣ моҳи декабри соли гузашта шинонида шуда, аллакай қариб як моҳ аст ҳосили он ҷамъоварӣ мешавад.    

То имрӯз аз гармхонаҳо 3,5 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст ва аз рӯи нашъунамои ниҳолҳои помидор интизор меравад, ки зиёда аз 30 тонна ҳосил ба даст оварда шавад.

Фароҳам гардидани шароит барои зиндагии шоистаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушду пешрафти соҳаи кишоварзӣ вобаста аст ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидори мавҷудаи соҳа ҳатмӣ мебошад.

Дар самти истифодаи мақсадноки замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишту парвариши зироати кишоварзӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз он гирифтани се – чор ҳосил аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад. Бо дарки ин масъала сокинони маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар раванди кишту парвариши зироатро дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақвият бахшида, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо сабзавоти тару тоза саҳми арзанда мегузоранд. 

Дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар 52,4 гектар замини корами наздиҳавлигӣ мавҷуд аст ва сокинон асосан ба кишту парвариши сабзавоти барвақтӣ машғул мебошанд. Дар ин рӯзҳо ҳосили ҷамъоваришуда, аз ҷумла помидорро сокинон аз назди хонаи худ бо нархи аз 4 то 5 сомонӣ ба фурӯш мегузоранд. Ҳосили ҷамъоваришуда дар бозори шаҳрҳои Бохтар, Душанбе ва инчунин шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҳатто дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳоди харидорон гардонида мешавад.

Ташкили гармхона ва ба даст овардани ҳосили фаровон дар замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби сокини маҳаллаи Ғайрат Баҳриддин Маҳмадраҳимов нишонаи истифодаи самараноку оқилонаи замин мебошад. Зиндагии сокинон асосан аз ҳамин ҳисоб пеш меравад ва барои кишту парвариши зироат, инчунин ҷамъоварии ҳосил аҳли оила дар якҷоягӣ меҳнат мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи ин деҳқони асил ҷиҳати ташкили гармхона ва парвариши помидор дар замини наздиҳавлигӣ баҳои баланд дода, фаъолияти ӯро барои дигар сокинони кишвар намунаи ибрат ва қобили таҳсин хонаданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда ва истифодаи самараноку оқилонаи замин ба аҳли оилаи Баҳриддин Маҳмадраҳимов лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби сокинони маҳаллаи Ғайрат намоишгоҳ ташкил гардида, дар он номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоти барвақтӣ ва картошка ба маъраз гузошта шуд.

 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаровонии маҳсулоти кишоварзиро дар намоишгоҳ марбут ба ҳисси масъулияти сокинон дар самти истифодаи мақсадноки замин ва меҳнати пайвастаи онҳо маънидод намуданд.

Источник: president.tj