Шиносоӣ бо вазъи хизматрасониҳои тиббию санитарии муассисаҳои госпиталии шаҳри Душанбе

0
108

Шиносоӣ бо вазъи хизматрасониҳои тиббию санитарии муассисаҳои госпиталии шаҳри Душанбе

ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси супориши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гурӯҳи кории Вазорат оид ба вазъи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар шабакаи муассисаҳои госпиталии шаҳри Душанбе аз Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои касбӣ»  ва Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №2» дидан намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни боздиди гурӯҳи корӣ аз «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои касбӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум шуд, ки дар муассисаи мазкур  15 бемор таҳти табобати беморхонавӣ қарор дошта, бо маводҳои доруворӣ ва хӯрок (3 маротиба)  қисман таъминанд.

Дар «Маркази тиббии шаҳрии №2» 49 бемор таҳти табобат қарор дошта, барояшон маводҳои доруворӣ ва 3 вақт хӯрок муҳайё мебошанд.

Инчунин дар рафти суҳбат беморон иброз доштанд, ки муносибати  кормандони муассисаҳои тиббӣ бо беморон хуб буда,  сатҳ ва сифати хизматрасониҳо низ қаноатманд арзёбӣ мешаванд.

Дар анҷом гурӯҳи кории Вазорат  ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳо барои боз ҳам беҳтар намудани муошират бо беморон, сатҳи имкониятҳои муассиса барои ташхису табобат, иқтидори кадрӣ, ҳолати санитарию эпидемиологӣ, таъминот бо маводҳои доруворӣ, хӯрока  ва корҳои ободонӣ  ба масъулин тавсияҳо доданд.

Источник: khovar.tj