Шиносоӣ бо ҷараёни дарави ғалла ва рафти кишти такрорӣ дар хоҷаги деҳқонии “Сангалӣ Гулмурод”-и ноҳияи Данғара

0
53

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Хоҷаги деҳқонии “Сангалӣ Гулмурод” бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур дорои наздики 32 гектар замин буда, соли равон меҳнаткашон ғалла, пахта, сабзавот, полизӣ ва дигар намуди зироатро кишт намуданд.

Асоси муваффақияти кишоварзони хоҷагӣ аз ҷори намудани таҷрибаи муосир, коркарди босифати хок бо истифода аз техникаи тибқи таъинот пешбинишуда, интихоби тухмиҳои ба иқлими парвариш мутобиқ, ғизодиҳӣ ва риояи дигар чорабиниҳои дар доираи агратехникаи кишту парвариши зироат пешбинишуда маншаъ мегирад.

Майдони зироати ғалладонагии хоҷагӣ зиёда аз 10 гектарро дар бар мегирад ва сармашқи фаъолият қарор додани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самти таъмини истифодаи самараноки замину риояи агротехникаи кишту парвариш барои аз ғалла ба даст овардани ҳосили баланд мусоидат намудааст.

Майдони умумии ғалладонагиҳо дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳияи Данғара зиёда аз 19 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва ҳоло ҷамъоварии ҳосил тавасути 43 комбайни ғалладарав ба таври шабонарӯзи идома дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳолати дигаргуншавии иқлиму дучанд гаштани талабот ба маводи ғизои дар ҷаҳон кишоварзонро барои таъмини истифодаи самараноки замин ва захира кардани маводи ғизои барои ду соли оянда вазифадор намуданд.

Баъди ҷамъоварии ғалла дар заминҳои холишудаи Хоҷаги деҳқонии “Сангалӣ Гулмурод” дар майдони 12 гектар кишти ҷуворимакка барои дон ва кучати қулфинай гузаронида мешавад.

Соли 2022 кишоварзони ноҳияи Данғара тибқи дурнамо дар майдони 5 557 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ мегузаронанд. Ба ҳолати 16-уми июни соли равон аллакай меҳнаткашон дар майдони зиёда аз 1 300 гектар кишти такрорӣ гузарониданд ва ҳоло кор дар ин самт дар саҳро бо равонакунии тамоми имконият ҷараён дорад.

Источник: president.tj