Шиносоӣ аз ҷараёни корҳо дар толори мошинҳо дар НБО “Роғун”

0
118

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчунин ба Толори мошинҳо ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар агрегати рақами 4 шинос шуданд.

Корҳои сохтмону васлгарӣ дар Толори  мошинҳо аз соли 2008 оғоз ёфта, то имрӯз бо суръат ва сифати баланд идома доранд. Сохтмони иншоот дар асоси лоиҳаи Институти лоиҳакашии “Гидропроект” сурат гирифта, дарозии толор 219,7 метр ва паҳноии он 21 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз сатҳи поёнӣ то сақф 70 метр, аз сатҳи болои фарш 20 метр мебошад.

Айни замон дар мавзеи агрегатҳои рақамҳои 5 ва 6 корҳои сохтмону васлгарӣ ба анҷом расида, ду агрегат дар ҳолати корӣ мебошанд. Дар мавзеи агрегати рақами 4 бошад, корҳои оҳану бетонӣ дар атрофи камераи спиралӣ то сатҳи 964,1метр ба анҷом расонида шудааст. Маҷмуан дар ин иншоот корҳои нақбканӣ 214 ҳазор метри мукааб, бетони пуркунанда 2278 метри мукааб, бетони конструктивӣ 35 ҳазор метри мукааб, сементатсияи мустаҳкамкунанда 34, 4 ҳазор метри тӯлонӣ иҷро гардида, анкерҳои АЖГ 3212 адад ва 891 анкери ПНА насб карда шудааст.

Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки ҳаҷми асосии корҳои сохтмонию васлгарӣ дар мавзеъи агрегати рақами 4 дар асоси нақшаи муайянгардида, аз рӯи нишондодҳои техникӣ ва бо риояи меъёрҳои пазируфтаи сохтмони нерӯгоҳ ба анҷом расонида шудаанд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ин агрегат низ ба истифода дода хоҳад шуд.

Кор дар агрегати 3-юми иншоот низ бо суръату сифати баланд ба роҳ монда шудааст.

Тибқи лоиҳаи муҳандисӣ 80 дарсади иншооти НБО “Роғун” зеризаминӣ буда, дар қалби кӯҳҳои сарбафалак ҷойгиранд. Ин шабу рӯз корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои ҷаббандаи агрегатҳои  рақами 1, рақами 2 ва рақами 3 оғоз гардида, идома доранд. Дарозии ин нақбҳо ҳар кадом 76,7 метри тӯлонӣ буда, масоҳати миёнаи буриши кундалангии онҳо 134 метри мураббаъро ташкил медиҳанд. Шакли  буриши кундалангии ин нақбҳо аз ҷониби Толори мошинҳо даврашакл буда, дар қисмати моилӣ чоркунҷаи болояш доирашакл мебошад. Корҳои нақбканӣ дар қисми горизонталии ин нақбҳо қисман иҷро гардида, ҳам ба зери Толори мошинҳо ва ҳам ба зери бинои трансформаторҳо аз ҳар се нақб фурнел зада шудааст.

Зимни боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин қитъаи сохтмон дар иншооти азими аср-НБО “Роғун” маълум гардид, ки ҳаҷми иҷрогардидаи корҳои нақбканӣ дар нақбҳои ҷаббандаи агрегатҳои рақами 1, рақами 2 ва рақами 3 ба андозаи 25,5 ҳазор метри мукааб ва корҳои бетони пуркунанда 575 метри мукаабро ташкил медиҳанд.

Мувофиқи маълумоти сохтмончиён корҳои сохтмонӣ дар қисмати горизонталии поёнӣ ва шахтаи вертикалии нақбҳои обрасони агрегатҳои 1 – 6  дар асоси лоиҳаи ширкати “AFRY” (Поирӣ) иҷро гардида истодааст.

Дар шахтаҳои вертикалӣ, нақбкании фурнелҳо то сатҳи зарурӣ анҷом ёфтаанд. Барои кушодсозии шахтаҳои обрасонии 2,3, 4,5 ва 6 бошад, аз сатҳи 1171 ба поён, корҳои накбканӣ ба андозаи 19988 метри мукааб ичро карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ду агрегати аввали ин иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат мавриди истифода қарор дошта, имрӯз бо истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза кошонаҳои сокинони кишварро гарму мунаввар менамояд.

Ду агрегати иншоот, ки аввалин 16 ноябри соли 2018 ва дуюмин 9 сентябри соли 2019 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Прзиденти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буданд, беш аз 210 мегаватт иқтидор доштанд. Шуруъ аз имрӯз вобаста ба баланд бардоштани сатҳи обанбор иқтидори ҳар кадом аз агрегатҳо то 130 мегаватт боло рафт. Тибқи иттилоъ то имрӯз ду агрегат ба миқдори 1 миллиарду 900 миллиону 475 ҳазору 900 киловатт соат неруи барқ истеҳсол кардааст.

Марҳила ба марҳила бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегатҳои навбатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ки ҳадафи стратегии мамлакат дониста мешавад, комилан ноил хоҳад гардид.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар агрегати чоруми НБО “Роғун” ба суръату сифати корҳо баҳои баланд доданд.

Источник: president.tj