Шикори ғайриқонунии гӯсфанди «Марко-Поло» ошкор гардид

0
181

Шикори ғайриқонунии    гӯсфанди «Марко-Поло» ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои  фаврӣ -ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди деҳаи Мурғоби ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мошини  тамғаи “Митсубиси-Паҷеро”,  ки таҳти идораи ронандаи 32-солаи сокини деҳаи Бердибек қарор дошт,  бо гумони шикори ғайриқонунӣ   боздошт карда шуд.  Дар вақти азназаргузаронии  мошини  мазкур аз дохили бағоҷ 27 килову 15 грамм гӯшти гӯсфанди “Марко-Поло” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муайян карда шуд, ки гӯшти гирифташуда ба мусофири  мошини  мазкур, марди 36-солаи сокини деҳаи Мурғоб тааллуқ доштааст.

Зарари расонидашуда 232 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои  тафтишотӣ  идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки  гӯсфанди кӯҳии Марко Поло  шомили «Китоби сурхи Тоҷикистон» буда,   шикораш бе иҷозати  Кумитаи ҳифзи  муҳити зисти Ҷумҳурии  Тоҷикистон манъ аст. Барои шикори ғайриқонунии ин навъи гӯсфанди кӯҳӣ тибқи қонуни амалкунандаи ҷумҳурӣ  ҳудуди 140 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.

Источник: khovar.tj