Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи майи соли 2018

0
47

Дар моҳи майи соли ҷорӣ сатҳи таваррум ба 0,6 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли қаблӣ ба андозаи -0,1 банди фоизӣ (б.ф.) кам мебошад. Тибқи таҳлилҳо дар давоми моҳҳои охир (апрел ва май) тағйирёбии сатҳи таваррум бештар аз ҳисоби таъсири омилҳои кӯтоҳмуддат аз нишондиҳандаи манфӣ ба нишондиҳандаи мусбӣ табдил ёфт.

Ба таварруми ҳосилшуда асосан қиматшавии нархи маҳсулотҳои хӯрокворӣ ба андозаи 0,9 фоиз (саҳм дар таваррум 0,5 б.ф.) ва молҳои ғайрихӯрока 0,5 фоиз (0,1 б.ф.) таъсир расонид. Ҳамзамон, коҳишёбии арзиши хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ба андозаи -0,7 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Дар моҳи баррасишаванда тағйирёбии сатҳи таваррум асосан аз ҳисоби афзоиши нархи баъзе аз маҳсулотҳои хӯрокворӣ (гӯшти гов, себ, сабзӣ ва шакар) ба вуқӯъ пайваст, ки омили мазкур мавсимӣ ва гузаранда ба ҳисоб меравад. Инчунин, афзоишёбии нархи орди навъи якум дар моҳи май низ ба қайд гирифта шуд, ки он 1,3 фоизро ташкил дод.

Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ нархи орд тамоюли афзоишёбии худро аз оғози сол шурӯъ намуда, дар моҳи апрели соли равон ба 213 долл. ИМА барои 1 тонна баробар гардид, ки нисбат ба аввали сол 16,1 фоиз зиёд мебошад.

Маълумоти бештар Шарҳи моҳонаи таваррум барои моҳи майи соли 2018

Источник: nbt.tj