Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2023

0
64

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, боло бурдани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.

Соли 2023 озмун миёни гурӯҳҳои касбӣ – хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин коллеҷҳои санъату рассомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳо ва театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ ва гурӯҳи ҳаваскорон – хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ходимони илмӣ ва эҷодӣ гузаронида мешавад.

Дар соли ҷорӣ озмун аз рӯйи 5 номинатсия – композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуда, номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор мегарданд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ ширкат мекунанд.

Дар ин замина, шумораи ҷойҳо барои ғолибони озмун 40 адад зиёд гардида, дар маҷмуъ 115 ҷойро ташкил медиҳад. Ҳамчунин шумораи ғолибони Ҷоизаи ифтихорӣ (шоҳҷоиза) низ 2 нафар зиёд шуда, ба 5 нафар мерасад.

Шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври сеюми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Ҷоизаи ифтихорӣ (шоҳҷоиза) мегарданд, 15 адад зиёд гардида, ба 61 адад расонида шудааст.

Вобаста ба тағйироти зикргардида маблағи мукофоти ғолибон ва баргузории озмун 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1 210 000 сомонӣ зиёд мебошад.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

Источник: president.tj