Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода мебошанд

0
110

Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода мебошанд

РАШТ, 13.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо корҳои омодагӣ баҳри бе мушкилӣ паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020  дар ҳамаи корхонаю ташкилот ва муассисаҳои минтақаи Рашт  идома доранд.

Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт то имрӯз тамоми иншооти барқиро аз таъмири асосӣ бароварда, миқдори муайяни таҷҳизоти заруриро захира кардаанд. Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт дар панҷ ноҳия 7 адад трансформатори пурборро ба трансформаторҳои иқтидорашон баланд иваз намуданд. Инчунин 50 адад симчӯбҳои  корношоям ва 3 тонна ноқилҳои ҲИБ 10-0,4 кВ-ро ивазу таъмир намуда,  зеристгоҳ ва иншооти барқии дар тавозунашон бударо таъмир намудаанд.

Ба хотири бомуваффақият паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 мутахассисони шабакаҳои барқи минтақа дар 6 адад неругоҳҳои барқи  обии  хурди минтақа, ки иқтидорашон 3,626 МВА мебошад, корҳои таъмирӣ ё профилактикӣ гузарониданд.

Ба гуфти сармуҳандиси Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт Сайёд Гулов, онҳо имсол корҳои таъмириро нисбат ба солҳои пешин барвақттар оғоз намуда, бо дастрасӣ ба қисмҳои эҳтиётӣ тавонистанд зеристгоҳҳоро барои фаъолияти мунтазам омода созанд. Ҳамзамон   барои ба садама дучор нагардидани хатҳои барк кормандони шабакаҳои барқи  панҷ ноҳияи минтақа шохаҳои дарахтони дар самти хатҳои ҳавоии интиқоли барқ бударо дар масофаи байни 8963 адад симчӯб бурида, тоза намуданд.

Тибқи иттилои манбаъ барои талаф нагардидани неруи барқ ва таъмини барқи хушсифат ба аҳолӣ дар панҷ ноҳияи минтақа дар соли 2019 20 адад трансформатор бо тавоноии 5,6 МВА насб гардид, ки 8 адади он аз ҳисоби аҳолӣ мебошад.

Бино ба иттилои кормандони шабакаҳои барқи минтақа, ҳоло корҳои таъмирӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистон идома доранд. Дар ин давра навбатдории шабонарӯзӣ ва бригадаҳои иловагӣ ташкил карда шуда, сокинони ноҳияҳо пурра бо барқи доимӣ таъмин мебошанд.

Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода мебошанд Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода мебошанд

 

Источник: khovar.tj