Шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз Кувайт ба Душанбе оварда шуданд

0
70

Шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз  Кувайт ба Душанбе оварда шуданд

ДУШАНБЕ, 11.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 шаҳрванди боқимондаи Тоҷикистон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ бар асари ҳамагирии COVID-19 дар Давлати Кувайт дармонда буданд, бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт ба Душанбе баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Инчунин, тавассути парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт 15 тонна кӯмакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним иборат аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 ба Душанбе оварда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 5 июн тавассути ду парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт 22 тонна кӯмакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним иборат аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 расида буд.

Инчунин, ин соҳибкори кувайтӣ 38000 адад либоси муҳофизатии тиббиро аз Ҷумҳурии Халқии Чин харидорӣ ва ба Тоҷикистон ирсол намуд.

Источник: khovar.tj