Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти ҶДММ «Ширкат оид ба захираҳо Тибет-Эверест» мулоқот намуд

0
196

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти ҶДММ «Ширкат оид ба захираҳо Тибет-Эверест» мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 09.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Ширкат оид ба захираҳо Тибет-Эверест»- муассиси Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» Хуан Тсзян Жун мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Дар мулоқот вобаста ба афзун намудани шумораи ҷойҳои корӣ, пардохти саривақтии андоз ва рушди истеҳсолот аз ҷониби Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» табодули афкор карда шуд.

Ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок  мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти ҶДММ «Ширкат оид ба захираҳо Тибет-Эверест» мулоқот намуд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти ҶДММ «Ширкат оид ба захираҳо Тибет-Эверест» мулоқот намуд Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти ҶДММ «Ширкат оид ба захираҳо Тибет-Эверест» мулоқот намуд

Источник: khovar.tj