Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд

0
98

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд

ДУШАНБЕ, 03.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд.

Нахуст Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар даромадгоҳи шаҳри Ҳисор бо ҷараёни сохтмони бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ шинос шуд.

Дар шаҳри Ҳисор дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 767 иншоот, аз ҷумла  муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ, иншооти соҳаи тандурустию фарҳангӣ, меҳмонхона ба нақша гирифта шуда буд.

Аз шумораи умумии ин иншоот то имрўз 204 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, то охири сол тибқи нақша 219 иншооти дигар ба истифода дода мешавад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо роҳи ҷалби сармояи дохилӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинон корҳои ободониро ба роҳ монда, асосан ба корҳои сохтмонӣ сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Ба сифати корҳои сохтмонӣ ва риояи унсурҳои миллӣ дар иншооти ба нақшагирифташуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда  мешавад.

Бо бунёди иншооти таъйиноти гуногун инфрасохтори шаҳр беҳтар гардида, ҳамзамон сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, бо ин васила сатҳи зиндагии онҳо низ беҳтар мегардад.

Шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Ҳисор 66 ададро ташкил медиҳад. Дар доираи ҷашнҳои миллӣ дар шаҳр соли 2019  7 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Айни замон дар коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди шаҳр 1135 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд.

Дар соли 2019 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди шаҳр ба маблағи 240,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2018  27 миллиону 479,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аснои шиносоӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода масъулонро вазифадор намуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои ободонию бунёдкориро дар шаҳр вусъат бахшида, ҷашнҳои миллиро бо дастовардҳои назаррас ва дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд

Источник: khovar.tj