Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ дидан намуд

0
141

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ дидан намуд

ДУШАНБЕ, 28.04.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, раванди корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияҳои Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафар карданд. Дар ин бора аз шуъбаи таҳлилию иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Бахтиёр-01»-и ноҳияи Фархор, ки  дорои 8 гектар замин мебошад, ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки дар замини мавҷуда кишти зироати кишоварзӣ ва парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхона ташкил карда шудааст. Ҳамчунин хоҷагии мазкур ба парвариши пахта, картошка ва сабзавот машғул мебошад.

Зимни боздид маълум гардид, ки дар 0,09 гектар гармхонаи доимамалкунанда фаъол мебошад. Дар гармхона кишти бодиринг, помидор ва дигар зироат анҷом дода шудааст.

Кишти пахта дар майдони 6 га ба роҳ монда шуда, дар 1,5 га гандум, 0,4 га юнучқа, 0,2 га картошка кишт шудааст.

Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин аз заминҳои наздиҳавлигии Амиралӣ Исломов, Шарофиддин Бобоев ва хоҷагии деқонии «Навкорам» дар ноҳияи Фархор дидан намуданд.

Дар ҷараёни сафар Сарвазири мамлакат бо хоҷагии деҳқонии «Мақсудҷон»-и Ҷамоати деҳоти «Чӯбек»-и ноҳияи Ҳамадонӣ шинос гардид.

Хоҷагии мазкур дорои 5 гектар замин буда, дар 2 гектари он боғи мевадиҳанда бунёд гардидааст. Кишти пахта дар 2 гектар ба роҳ монда шуда, айни ҳол коркарди агротехникӣ ва нармкунии байни қаторҳо ҷараён дорад. Дар 1 гектар гандум, 0,20 гектар пиёз ва дар қитъаи боқимонда зироати лубиёгӣ, помидор, бодиринг ва дигар сабзавот парвариш ёфта истодаанд.

Дар хоҷагии мазкур 10 нафар саҳмдор фаъолият намуда, дар як мавсим аз замини хоҷагӣ 2-3 ҳосил мерӯёнанд. Ба қавли роҳбари хоҷагӣ Рустам Қосимов, даромади хоҷагӣ дар як сол 40-50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Қоҳир Расулзода доир ба истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, афзалият додан ба кишти картошка, зарурати захираи маводи озуқа ва саҳмгузорӣ дар таъмини бозори истеъмолӣ ба масъулин дастур дод.

Источник: khovar.tj