«САПЕДА-2019». Дар Душанбе даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни кӯдакон ва наврасони ҳунарманд доир мешавад

0
233

«САПЕДА-2019». Дар Душанбе  даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни   кӯдакон ва наврасони ҳунарманд доир  мешавад

ДУШАНБЕ, 21.12.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф  Ҷӯраеви шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии  Фестивал-озмуни кӯдакон ва наврасони ҳунарманд таҳти унвони «Сапеда-2019» баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фестивал-озмун 41 нафар ғолибони ду даври озмун аз муассисаҳои таълимии санъат ва мусиқии шаҳри Душанбе, ки дар риштаҳои гуногун маҳорату истеъдоди хосса  нишон додаанд, иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ,  озмуни мазкур  бо ташаббуси  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз баргузории он  фароҳам овардани шароит барои вусъати эҷодӣ ва қобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагони нақшҳои таърихӣ, овозхону навозандагон, раққосон, наттоқон, ровиён ва дигар ҳунармандон, инчунин  ба ин восита муҳайё намудани шароит барои равнақи суннатҳои миллӣ ва  тарбияи  маънавии ҷомеа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивал-озмуни кӯдакон ва наврасони ҳунарманд «Сапеда-2019»  соати 14:00-и санаи зикршуда   оғоз мегардад.

Источник: khovar.tj