САНОАТИКУНОНӢ – РОҲ БА СӮИ «МУЪҶИЗАИ ИҚТИСОДӢ». Андешаҳои коршинос перомуни ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
214

САНОАТИКУНОНӢ – РОҲ БА СӮИ  «МУЪҶИЗАИ ИҚТИСОДӢ».  Андешаҳои коршинос перомуни ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 01.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳоло ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати аграрию саноатист, масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат мавзӯи калидии пешрафти иқтисодии  кишвар ба шумор меравад. Барои Тоҷикистон, ки махзани беҳтарину қадимтарин ганҷҳои табиист, саноатикунонии мамлакат, бунёди корхонаҳои мухталифи коркарду истеҳсоли  маҳсулот паём аз ободиву пешрафти минбаъдаи иқтисодии Тоҷикистон дорад. Боварӣ дорем, ки бо роҳбарии дурбинонаи Сарвари давлат ин ҳадафи бисёр ҷиддӣ ва муҳими стратегии ҷумҳурӣ пайваста амалӣ мегардад», иброз дошт  муовини сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ  дар суҳбат бо хабарнигори  АМИТ «Ховар».

САНОАТИКУНОНӢ – РОҲ БА СӮИ  «МУЪҶИЗАИ ИҚТИСОДӢ».  Андешаҳои коршинос перомуни ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонТавре аз Паёми Президенти мамлакат дар масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат бармеояд, ҷанбаи аз ҳама ҷолиб ва муҳими ин иқдом дар он зоҳир мешавад, ки бад-ин васила дар кӯтоҳтарин муддат ватани мо аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ мубаддал мегардад.

Ташаббуси саноатикунонии Тоҷикистон дар пасманзари худ масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ва аҳолӣ, монеъ гардидан ба таблиғи ақидаҳои ифротӣ, аз байн бардоштани шиддати муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба ин восита таъмини амнияту субот дар мамлакатро дар назар дорад.

Саноатикунонии босуръати мамлакат паёмадҳои зиёди мусбат дорад. Бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори он сабаби бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолиии мамлакат ва ба даст овардани музди меҳнати кофӣ мешавад, ки ин дар навбати худ сабаби баланд шудани некӯаҳволии шаҳрвандон мегардад.

Мавзӯи мавриди назар, яъне саноатикунонӣ инчунин сабаби тағйирот дар таркиби ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегардад. Сафи шаҳрвандоне, ки дар корхонаҳои саноатӣ кор мекунанд, меафзояд ва ин тағйирот дигаргунии сифатӣ дар таркиби ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат аст.

Табиист, ки заминаи иҷтимоии давлат аз ҳисоби коргарони саноатӣ мустаҳкамтар мегардад. Аммо саноатикунонии босуръати мамлакат паёмади манфӣ низ дорад. Сафи коргарони саноатӣ аз ҳисоби аҳолии деҳот меафзояд, аҳолии зиёде, бахусус ҷавонон барои дарёфти ҷойи кор аз деҳот кӯч мебанданд ва ин сабаби кам шудани қувваи корӣ дар минтақаҳо мегардад. Хатари аз қувваи қобили меҳнат маҳрум шудани деҳот ҷой дорад. Дар ин сурат масъалаи оқилона, бо дарназардошти ҷойгиршавии қувваи корӣ ҷойгир намудани корхонаҳои саноатӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Масъалаи ҷойгиркунонии корхонаҳои саноатӣ бо дарназардошти қувваи корӣ ба масъалаи дигари муҳими рушди деҳот пайвастагии мантиқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Инҳо масъалаҳоеанд, ки дар сурати дуруст амалӣ шудан муваффақиятро таъмин менамоянд.

Барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ҷойгиршавиии манбаи ашёи хом, ташкили инфрасохтор, таъмин бо қувваи корӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Дар ҳар сурат тарафҳои мусбат ва манфии саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи мутахассисон бояд ҳамаҷониба таҳқиқ гардад, то минтақаҳои гуногун нисбатан дар тавозуни яксон рушд карда тавонанд.

Шояд дар ҷараёни амалишавии барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ба тавре, ки таҷрибаи ҷаҳонии саноатикунонӣ нишон медиҳад, паҳлӯҳои дигари мусбату манфии ин раванд равшан гарданд. Ва ин таҷрибаи навест дар роҳи пешрафти иқтисодии Тоҷикистон. Вақт довар аст.

Вале як чиз мусаллам аст, ки кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафтаи Осиё, амсоли Чин, Сингапур, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия  дар натиҷаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушод» ва  саноатикунонии (индустрикунонӣ) босуръат ба  сатҳи баланди тараққиёт расидаанд, ки «муъҷизаи иқтисодӣ» (англ. еconomic miracle) ном бурда мешавад.  Барои мисол, дар Малайзия раванди саноатикуконӣ аз соли 1957 то соли 1990 идома ёфтааст. Дар он ҷо аз ташкили корхонаҳои хурд дар шаҳру деҳот ҷиҳати истеҳсоли маводи мавриди ниёзи аввал барои қонеъ сохтани бозори дохилӣ  шуруъ кардаанд, яъне аз  иҷрои вазифае, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар Паёми гузаштташон ба Маҷлиси Олӣ ва ҳам дар мулоқоташон бо намояндагони соҳаи саноат ва соҳибкорон 24 октябри ҳамин сол  дар назди Ҳукумати мамлакат гузоштанд. Бубинед, имрӯз Малайзия аз рӯи истеҳсоли компютерҳо ва дастгоҳҳои электронӣ баъди ИМА ва Япония дар ҷаҳон дар ҷои сеюм ва аз рӯи содироти ин навъи молҳо баъди ИМА дар ҷои дуюм  қарор дорад.

Кулли масъалаҳое, ки муҳтавои Паёми Президенти мамлакатро ташкил медиҳанд, чӣ масъалаҳои истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва чӣ масъалаҳои иҷтимоӣ ба ҳам алоқаманд буда, дар сурати иҷро нагардидани яке аз онҳо мо ба ҳадафҳои дар Паём нишондодашуда расида наметавонем.

Саноатикунонии босуръати мамлакат аз таъмин будан бо неруи барқ, рушди роҳу нақлиёт, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, маблағгузорӣ, таъминот  бо қувваи корӣ ва бисёр масъалаҳои дигар вобастагӣ дорад. Дар ин ҳолат кадрҳои ба истеҳсолот роҳбарикунандаи дорои маҳорату малакаи зарурӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Роҳбарии босалоҳият ба самтҳои гуногуни иқтисодиёт самараи хуб медиҳад.

Маълум, ки барои аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати давлат ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шудааст. Таҷрибаи ҷаҳонии саноатикунонӣ дар давлатҳои пешрафтаи олам далели воситаи асосии ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ будани он аст.

Роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бояд доир ба ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Эҳтимол меравад, ки аксари корхонаҳое, ки дар раванди саноатикунонӣ сохта мешаванд, бояд корхонаҳои саноати сабук, аз қабили корхонаҳои бофандагию ресандагӣ, корхонаҳои коркарди ашёи хоми хоҷигии қишлоқ бошанд. Аз ин рӯ масъалаи бозомӯзии кадрҳои коргарӣ ба миён меояд. Барои ин курсҳои кӯтоҳмудати бозомӯзӣ ташкил бояд кард.

Чанд сол пеш ҳангоми сафараш ба Осиёи Марказӣ собиқ Сарвазири Малайзия доктор Муҳаммад Маҳатхир дар суҳбат бо соҳибкорон гуфта буд: «Кишвари аграрӣ тараққӣ намекунад. Танҳо саноатикунонӣ метавонад иқтисодиётро  ба сатҳи ҷаҳонӣ боло барад. Вале барои он ки  иқтисодиёт саноатӣ кунонида шавад, саромоягузорӣ лозим аст. Дар навбати худ  ҷалби сармоя ғайрату матонат металабад, зеро дар оғоз  таваккал кардан лозим меояд.  Дар аввал дар кишвари мо хавфи ноком шудан ба соҳибкорон таҳдид мекард, вале онҳо аз ин наҳаросиданд, зеро  дарк мекарданд, ки бояд таваккал кунанд ва аз имконияти пешомада   дуруст истифода баранд. Онҳо ба зудӣ дари худро ба рӯи сармоягузонрони хориҷӣ боз намуданд. Ҳукумат сармоягузорони хориҷиро аз андоз озод намуд, вале дар наздашон вазифа гузошт, ки ҷойҳои корӣ таъсис диҳанд ва бозорро фаровон ва нархи молу маҳсулотро арзон гардонанд. Баъди он ки корхонаҳо даромад ба даст меовардагӣ шуданд, онҳо ба пардохти андоз ба буҷети мамлакат шуруъ намуданд…».

Бубинед, чунин тадбирҳо аз ҷониби Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  низ андешида мешаванд, ки аз ғайрату матонати  ибратангези Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳанд.  Ва дар ҳама ҳолат Сарвари давлат талаб мекунанд: боғайрат бошед, сароягузорӣ кунед, сармояи хориҷиро ҷалб намоед, вале ҳаройина манфиатҳои давлат ва миллатамонро фаромӯш  насозед. Ҳар коре, ки мекунед, ба хотири  рушду тараққиёти Тоҷикистон, суботу оромии ҷомеа ва рӯзгори серу пури мардумамон кунед.

Дарвоқеъ, саноатикунонӣ сармоягузории дохилию хориҷӣ, маблағзории зиёдеро талаб  мекунад. Бахусус маблағгузорӣ аз ҷониби абарқудратҳои ҷаҳонӣ дар худ хатарҳои нуҳуфта дорад. Саноатикунонӣ бояд ба истиқлолият ва мустақилияти давлат халал ворид насозад.

Дар чаҳорчӯбаи амнияти миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти нисбатан муҳим пайдо мекунад. Зеро масъалаи мазкур таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фаровонии бозор, арзонии нарху наво, истифодаи дурусти  қувваи қобили меҳнат ва паҳлӯҳои дигари ҳаёти ҷамъиятию иҷтимоии шаҳрвандонро ба ин ё он дараҷа дарбар мегирад. Аз ин рӯ  саноатикунонӣ дар самти беҳдошти сатҳу сифати некӯаҳволии мардум омили асосӣ буда, дар робита ба истиқлолияти давлатӣ нақши муҳимеро дорост. Ва дар сурати оқилона, зимни тадбирҳо ва аз рӯи стратегияҳои пешқадам, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта татбиқ намудани ин раванд метавон ба «муъҷизаи иқтисодӣ» дастёб гардид.

Бисёр муҳим аст, ки зимни раванди саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, ҳангоми сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохторҳои он ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва нигаҳдошти олами ҳайвоноту набототи мамлакат низ аҳамияти зарурӣ дода шавад.

Источник: khovar.tj