«САНДУҚЧАИ ЗУЛБИЁ». Мактаббачагони Тоҷикистон дар давраи таътил метавонанд дарсҳоро тариқи ин барнома аз шабакаи телевизионии «Баҳористон» тамошо кунанд

0
230

«САНДУҚЧАИ ЗУЛБИЁ».  Мактаббачагони Тоҷикистон дар давраи таътил метавонанд дарсҳоро тариқи ин барнома  аз  шабакаи телевизионии «Баҳористон» тамошо кунанд

ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи таътил тариқи барномаи «Сандуқчаи зулбиё»-и «Телевизиони Баҳористон» дарсҳо гузаронида мешаванд ва хонандагон метавонанд аз онҳо истифода намуда, аз барномаи таълими мактабӣ дур намонанд. Ҳарчанд дар давраи таътил хонандагон аз дарсҳо дур бошанд ҳам,  омӯзгорон ба онҳо китобҳои бадеӣ тавсия намудаанд, то ба мутолиаи пайваста машғул шаванд. Ин матлабро   сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров  ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Мавсуф зикр намуд,  ки «ҳифзи солимии кӯдакону наврасон ва бехатарии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат дониста мешавад. Дар таътили муқарраргардида хонандагон бояд вақти худро бо донишомӯзӣ ва омодагӣ ба озмунҳои  дар пеш истода гузаронанд. Саҳми волидайн дар таътил барои донишомӯзии фарзандон калон аст. Онҳо барои фарзандон бояд нақшаи ҳаррӯза тартиб дода, нагузоранд, ки вақти худро беҳуда сарф намоянд».

Ҷалолиддин Амиров иброз намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилӣ гурӯҳи навбатдорон  ташкил карда шудааст, ки ҳар рӯз ҳисоботи худро роҷеъ ба корҳои тамизкорӣ ба Ситоди ҷумҳуриявӣ мерасонанд. То оғоз шудани таътил тамоми муассисаҳо аз ҷониби мутахассисон поккорӣ мешаванд.

Ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсони Хушбахт, маоши омӯзгорон тибқи Низомномаи муқарраргардидаи Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад.

Дар айни замон дарсҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррарот идома дошта, дар сурати ворид гардидани тағйирот ба таври иловагӣ иттилоъ дода мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки 25 апрел  таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Covid-19 Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Covid-19 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз имрӯз, 27 апрел то 10 майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мамлакат 662 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 102 175 нафар кӯдакон ва 9766 нафар омӯзгорон, 3884 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 033 900 нафар хонандагон ва 124 593 нафар омӯзгорон, 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фарогирии 21 890 нафар хонандагон ва 2305 нафар омӯзгорон ва 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии 87696 нафар донишҷӯён ва 6381 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки дар маҷмӯъ 4686 муассиса, 2 245 661 нафар муҳассилин ва 143 045 нафар омӯзгоронро ташкил медиҳанд.

Источник: khovar.tj