Санаи бозиҳои «Хуҷанд» бо дастаҳои мунтахаби «Нефтчӣ» ва «Аҳал» муайян гардид

0
138

Санаи бозиҳои «Хуҷанд» бо дастаҳои мунтахаби «Нефтчӣ»  ва «Аҳал» муайян гардид

ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи футболи «Хуҷанд»-и  Хуҷанд, ҷоизадори медалҳои нуқраи чемпионати   Тоҷикистон бозии хонагиашро дар плей-оффи Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё -2020     26  феврал   дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри  Душанбе баргузор мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, бозӣ бо дархости  дастаи  футболи «Хуҷанд» бинобар омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд ба Душанбе гузаронида шуд.

Дастаи футболи «Хуҷанд» бо раҳбарии сармураббӣ Никола Лазаревич, мутахассиси сербиягӣ дар плей-оффи Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё -2020  бо ғолиби бозиҳои даври пешакӣ-  дастаҳои мунтахаби  «Нефтчӣ»-и Қирғизистон ва «Аҳал»-и Туркманистон рақобат мекунад.

Бозии аввали даври пешакии Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё -2020 миёни дастаҳои мунтахаби  «Нефтчӣ»-и Қирғизистон ва «Аҳал»-и Туркманистон бояд 5 феврал дар  шаҳри Ҷалолобод баргузор мешуд. Вале дастаи меҳмон- ноиби чемпиони Туркманистон  «Аҳал»  ба Қирғизистон наомад.

Ба иттилои расонаҳои хабарии Қирғизистон, дастаи «Аҳал» аз Конфедератсияи футболи Осиё хоҳиш кардааст, бозӣ ба иллати авҷ гирифтани коронавирус дар Чин, ки бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, ба муҳлати дигар гузаронида шавад. Вале аз Конфедератсияи футболи Осиё посух додаанд, ки ҳеҷ таҳдиде вуҷуд надорад ва бозӣ бояд дар муҳлати муқарраршуда доир гардад. Тасмими ниҳоиро дар бораи бозии доирнашуда Конфедератсияи футболи Осиё хоҳад гирифт.

Дастаи футболи «Хуҷанд» аввалин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё -2020  19  феврал дар сафар ва бозии ҷавобиро  26  феврал дар майдони худ анҷом медиҳад.

Дар сурати пирӯзӣ дастаи  «Хуҷанд» ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи қитъавӣ мушарраф шуда, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои  мунтахаби «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон  ва «Дордой»-и  Қирғизистон  рақобат мекунад.

Ҷоми AFC-2020

Минтақаи Марказӣ

Плей-офф. Бозии аввал

19-уми феврал (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Нефтчӣ» (Қирғизистон)/«Аҳал» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

26-уми феврал (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Нефтчӣ» (Қирғизистон)/«Аҳал» (Туркманистон)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Источник: khovar.tj