Саммити барандагони ҷоизаи Нобел оид ба сулҳ соли 2020 дар Сеул баргузор мегардад

0
184

Саммити барандагони  ҷоизаи  Нобел  оид  ба сулҳ  соли 2020 дар Сеул баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 07.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли оянда дар пойтахти Ҷумҳурии Корея ҷамъомади ҳаждаҳуми барандагони ҷоизаи Нобел оид ба сулҳ баргузор мегардад. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар бораи ин қарори кумитаи тадорукот хадамоти матбуоти шаҳрдории Сеул рӯзи панҷшанбе хабар додааст.

«Иштирокдорони форум роҳҳои таҳким бахшидани сулҳро дар нимҷазираи Корея ва тамоми дунё  муҳокима хоҳанд кард»,-  омадааст дар ин ҳуҷҷат. Дар ин ҳамоиш тақрибан ҳазор нафар, аз ҷумла 30 нафар барандагони ҷоизаи Нобел оид ба сулҳ ҷамъ  мешаванд.

Мақомоти шаҳрдории Сеул  ва кумитаи тадорукоти саммит ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида, ба хулосае омаданд, ки  кумитае  таъсис диҳанд, то ба ин саммит омодагӣ гирад.

Саммити барандагони  ҷоизаи Нобел оид ба сулҳ  тақрибан ҳар сол, шурӯъ  аз соли 1999 то 2007 дар Рум ва баъдан дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон барпо мешуд. Соли гузашта он доир нагардид. Соли 2019 бошад, дар  Меридаи Мексика гузаронида шуд.

Источник: khovar.tj