Самбӯса ва 100 ҷуфт ҷӯроб: бонувони фаъоли Хуҷанд ба аёдати сарбозон рафтанд

0
113

Самбӯса ва 100 ҷуфт ҷӯроб: бонувони фаъоли Хуҷанд ба аёдати сарбозон рафтанд

Бонувони фаъоли шаҳри Хуҷанд ва модарони сарбозони ихтиёрӣ ба сарбозон нону самбӯса, шириниву торт ва 100 ҷуфт тақдим карданд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Як гурӯҳ занону бонувони фаъоли шаҳри Хуҷанд ва модарони сарбозони ихтиёрӣ, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат мекунанд, ба қисми ҳарбии 3501-и ВКД омада, онҳоро бо таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шодбош гуфтанд.

“Занону бонувони фаъоли шаҳри Хуҷанд ва модарони сарбозони ихтиёрӣ ба қисми низомӣ нону самбӯса, шириниву торт ва 100 ҷуфт ҷуроб ба ифтихори 27 солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақдим доштанд”, – омадааст дар хабарномаи хадамоти матбуотии шаҳрдории Хуҷанд.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ба ҳайати шахсии қисми низомӣ номаи табрикотии раиси шаҳр Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро расонд.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ҷамъомад бахшида 27 – солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ хостори ироаи сабукӣ ба хидматкардаҳо дар артиш ҳангоми қабул ба кору таҳсил шуда, таъкид намуд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал хидмат кунанд.

Источник: sputnik-tj.com