Саломатии Муҳиддин Хоҷазод беҳтар шудааст: адиб аз дастгоҳи нафаскашӣ раҳо ёфтааст

0
165

Саломатии Муҳиддин Хоҷазод беҳтар шудааст: адиб аз дастгоҳи нафаскашӣ раҳо ёфтааст

Вазъи саломатии Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи маъруфи тоҷик, ки чанде пеш бар асари хуруҷи бемории илтиҳоби шуш ё пневмония дар бемористони рақами аввали Хуҷанд дар шароити қарантина зери муроқибати духтурон нигоҳ дошта мешавад, беҳбуд ёфтааст

ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Аслам Каримов, суханвар ва шогирди ин адиби тоҷик дар суҳбат бо гуфт, баъд аз панҷ рӯзи табобат вазъи саломати Хоҷазод рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Ӯ гуфт, ки чизи хушҳолкунанда ин аст, ки ҳоло духтурон устодашро аз зери дастгоҳи нафасдиҳанда ё Оксгенетор озод кардаанд.

“Бо устод, мустақиман телефонӣ суҳбат кардам, овозашон назар ба рӯзҳои қаблӣ хуб буд ва хушҳолиашонро ҳам эҳсос мешуд. Дар бораи саломатии устод, бо духтурон ҳам суҳбат доштам, гуфтанд, ки то се чор рӯзи дигар рухсат хоҳанд шуд”, –  иброз намуд Каримов.

Муҳиддин Хоҷазод, рӯзи 19-уми апрел аз ҳисоби хуруҷи бемории илтиҳоби шуш ё пневмония ба бемористони рақами якуми Хуҷанд маъруф ба “Горбольница” интиқол ёфта, дар пайи баланд шудани аломати ҳарорат пизишкон ногузир ӯро зери дастгоҳи нафасрасонанда ё Оксгенератор қарор доданд.

Инак баъд аз ду рӯзи ин ҳол, вазъи саломатии ин адиби тоҷик хуб, ҳарораташ ҳам муътадил арзёбӣ шуда ва ҳоло барои васли Оксгенетор ҳеҷ зарурат боқӣ намондааст.

Духтурон вазъи саломатии адибро хуб арзёбӣ карда, вале гуфтаанд, то се чор рӯзи дигар бо охир расидани тақвими қарантинӣ, барои ба хона баргаштани ӯ рухсат дода хоҳад шуд.

Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи халқии Тоҷикистон, аст, ки ҳоло 82 сол дорад.

Ӯ муаллифи даҳҳо асарҳои мансур, аз ҷумла романҳои “Об – рӯшноӣ”, “Кӯҳ бе варта нест” ва “Роҳи Роғун дигар аст” мебошад.

Источник: sputnik-tj.com