САЛОМАТИИ МИЛЛАТ-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Вазорати маориф ва илм машқҳои омодагӣ ба ҷашнҳоро қатъ кард

0
161

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Вазорати маориф ва илм машқҳои омодагӣ ба ҷашнҳоро қатъ кард

ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз тибқи дастури Ситоди дохилиидоравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус (COVID-2019) машқҳои омодагӣ бо иштироки донишҷӯён бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ қатъ карда шуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода иттилоъ дод.

Бино ба иттилои номбурда, ба роҳбарияти тамоми муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар алоҳидагӣ дар доираи муассисаи таълимӣ бо назардошти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шавад. Дастури мазкур ҳамчунин бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва худдорӣ намудан аз харҷи  маблағҳои барзиёд дода шуд.

«Дар баъзе расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар ба нашр расидаанд, ки гӯё вазорат донишҷӯёнро  маҷбур  кардааст, ки ҳатман ба дарс ниқоб пӯшида, оянд. Ин хабарҳо ягон асос надоранд.  Танҳо ба  хонандагон ва донишҷӯён  бо мақсади пешгирӣ аз  сирояти коронавирус ва дигар вирусҳо тавсия дода шудааст, ки гигиенаи шахсиро  риоя намуда, муваққатан ҳангоми вохӯрӣ  аз бӯсидани якдигар, ба оғӯш кашидан, ки онро  духтарон анҷом медиҳанд, худдорӣ намоянд. Дар хусуси карантин эълон кардан дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ  ҳанӯз иқдоме рӯи кор наомадааст»,- гуфт Эҳсон Сафарзода.

Номбурда ҳамчунин таъкид намуд, ки дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани маълумоти пешгирикунанда аз  сирояти коронавирус Ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шудааст. Роҳбарии Ситоди мазкурро Вазири маориф ва илм  Муҳаммадюсуф Имомзода ба уҳда дошта, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ аъзои он мебошанд.

Тибқи нақшаи кории ситод ба тамоми муассисаҳои таълимӣ дастур дода шудааст, ки дар дохили муассисаҳо тозагӣ ва меъёрҳои гигиению беҳдоштиро риоя намуда, маводи зидди вирусӣ, аз ҷумла ниқобҳоро истифода намоянд.

Аз ҷониби роҳбари ситод ба масъулин дастур дода шудааст, ки дар тамоми мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ маводи хӯрокӣ ва маводи зиддивирусӣ харидорӣ ва захира карда шуда, аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ карда шавад.

Ҳамчунин ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ супориш дода шудааст, ки бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо ҳучраҳои гигиенӣ, ошхонаҳо, таҳхонаҳо, толорҳои варзишӣ ва ғайраҳоро  бо маҳлули безараргардонӣ  коркард  намуда,  дар онҳо  барои хонандагон ва кӯдакон  шароити  бо собунро  шустани дастро  муҳайё созанд.

Инчунин тавассути дарсҳо ва соатҳои тарбиявӣ аз ҷониби омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, масъулини соҳа, шурӯъ аз муассисаҳои томактабӣ то муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро оид ба пешгирии ҳама гуна вирусҳо ба роҳ монанд, гигиенаи шахсӣ ва меъёрҳои тозагию беҳдоштиро дар ҷойҳои корӣ риоя намоянд. Масъулин ҳамчунин вазифадор гардидаанд, ки  ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус миёни аҳолӣ: ҷойҳои серодам, бозорҳо, масҷид, тӯю маъракаҳо ва риояи гигиенаи шахсӣ бояд тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дастур дода шуд, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО васеъ ба роҳ монда шаванд ва тавассути он мутахассисони соҳа тавсияҳои худро оид ба риояи гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳангоми омодасозии ғизо, муносибат бо кӯдакон, махсусан бо тифлони навзод ба мардум пешниҳод намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Бо супориши роҳбарияти мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти миллии санитарию эпидемиологӣ, фарогирии карантинӣ, дарёфти манбаъҳои хариди лавозимоти истифодаи яккаратаи ҳифзкунанда, маводи безараргардонӣ, таҷҳизоти санҷишӣ ва захираи маводи хӯрокӣ тамоми тадбирҳои фаврӣ анҷом дода мешаванд.

Бо мақсади пешигирии сирояти ин беморӣ мутахассисон тавсия медиҳанд, ки  ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез- тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд.  Бояд ба  пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонид. Истеъмоли меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой  бисёр муҳим мебошад.  Инчунин истифода  аз ниқобҳои тиббӣ манфиатовар дониста мешавад.

Дар зер тавсияҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустиро барои пешгирӣ аз коронавирус таҳти унвони   «Дигаронро аз беморӣ ҳифз намоед!» бори дигар манзури хонандагони сомона мегардонем:

— ҳангоми сулфазанӣ ва таби баланд аз робитаи наздик бо дигарон дурӣ ҷӯед,

— аз туф кардан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ кунед,

— агар шумо табларза, сулфа ва нафаскашии душвор дошта бошед, сари вақт ба духтур муроҷиат кунед,

— ҳангоми кор бо ҳайвонот ва маҳсулоти гӯштӣ хилъати ҳимоявӣ, дастпӯшак ва ниқоб пӯшед,

— баъди анҷоми кор лавозимоти ҳимоявиро кашед. Ҳар  рӯз хилъатро шуста, дар ҷои кор нигоҳ доред,

— бо либосу пойафзоли кории ифлос ба хона наравед, то аъзои оиларо низ ба беморӣ мубтало накунед.

Источник: khovar.tj