Сайёҳон аз Суғди бостон бо худ чӣ савғотӣ мебаранд ва кадом хӯрокҳои тоҷикиро меписанданд?

0
315

Сайёҳон аз Суғди бостон бо худ чӣ савғотӣ мебаранд ва   кадом хӯрокҳои тоҷикиро  меписанданд?

ДУШАНБЕ, 19.02.2020. /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ дар вилояти Суғд бештар ба армуғонҳои дастисоз майл доранд.  Агар чанд сол пеш маҳсулоти заргарӣ, гарданбанду дастпонаҳо аз сангҳои ороишии маҳаллӣ, тоқиҳову халтаҳои дастибоф бо гулдӯзии миллӣ бештар харидорӣ мешуданд, ҳоло номгӯи намудҳои армуғонҳо афзуда, гарданпечҳо аз матои атласу адраси пахтагӣ, табақу табақча ва пиёлаҳои сафолин бо нақшу нигори миллӣ ва тасвири мавзеъҳои таърихиву ёдгориҳои қадимӣ  таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар ҷалб менамоянд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ зимни сафар ба Тоҷикистон ғайр аз тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ҳамзамон ба маҳсули дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир  менамоянд. Онҳо вақти рафтан мехоҳанд аз ин мамлакати қуллаҳояш сар ба афлок кашида бо худ армуғонҳо ҳадя баранд.

Ҳоло баҳри дар замири ҳар як сайёҳ нақш бастани мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ ва муҳайё намудани дӯкон барои фурӯши армуғони хотирмон дар назди ҳар мавзеи таърихиву сайёҳӣ, аз ҷумла дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд қариб 20 ва дар шаҳри Панҷакент беш аз 10 нуқтаи фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳову металлҳои қиматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандӣ ва  дастранҷи рассомон ташкил гардидаанд.

Сайёҳон аз Суғди бостон бо худ чӣ савғотӣ мебаранд ва   кадом хӯрокҳои тоҷикиро  меписанданд? Сайёҳон аз Суғди бостон бо худ чӣ савғотӣ мебаранд ва   кадом хӯрокҳои тоҷикиро  меписанданд?

Ҳамаи маҳсулоти армуғонӣ аз ҷиҳати сифат ва нарх қобили қабули сайёҳон буда, аксарияти он аз маҳсулоти маҳаллӣ, чун риштаи пахтагӣ ва гилу сангҳои ороишӣ омода  шудаанд.

Ба ҷуз ин имрӯзҳо таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро таомҳои хос миллии тоҷикӣ, чун хомшӯрбо, оши палав, мошпиёба, манту, нонҳои фатирӣ, қалама, самбӯсаҳои алафину кадугӣ  бештар ҷалб кардаанд. Дар ин робита, аз ҷумла, ҳангоми боздиди сайёҳон аз мавзеи Боғи таърихӣ-фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ва боздид аз Хона-музеи Хоҷа Камол, ки  дар саҳни ҳавлии он танӯру ошдон гузошта шудааст, ҳар як сайёҳ  бевосита аз нонҳои гарми ҷаззагиву самбӯсаҳои алафину кадугини нав пухташуда тановул карда, оид ба омоданамоии онҳо маълумоти бештар пайдо мекунад.

Дар маҷмӯъ, соли 2019 ба қаламрави вилояти Суғд бо мақсади саёҳату тиҷорат ва меҳмонӣ беш аз 925 000 шаҳрвандони хориҷӣ ворид гардидаанд, ки инҳо асосан аз давлатҳои ИМА, Россия, Беларус, Германия, Япония, Чин, Канада, Австрия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Ҳамзамон давоми соли гузашта қариб 20 ҳазор нафар сайёҳон аз 30 мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла қариб 7 ҳазор нафар аз «Қалъаи Хуҷанд» дидан намуданд.

Ҳоло дар қаламрави вилояти Суғд баҳри қабули сайёҳон 86 меҳмонхонаву осоишгоҳ бо 6547 ҷой, 46 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, танҳо  давоми соли 2019 дар вилоят  10 ширкати нави сайёҳӣ ва 25 хатсайрҳои нав таъсис ёфтанд.

Сайёҳон аз Суғди бостон бо худ чӣ савғотӣ мебаранд ва   кадом хӯрокҳои тоҷикиро  меписанданд? Сайёҳон аз Суғди бостон бо худ чӣ савғотӣ мебаранд ва   кадом хӯрокҳои тоҷикиро  меписанданд?

Дар маҷмӯъ, имрӯз дар ҳудуди вилоят 40 ширкати сайёҳӣ, аз он  9 муассиса дар Хуҷанд ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон ва Шўрои рушди сайёҳӣ фаъолият доранд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 бо мақсади рушду равнақи зиёд, ҳамзамон муаррифии бештари дастовардҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандии мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ дар қаламрави Тоҷикистон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд.

Сайёҳон аз Суғди бостон бо худ чӣ савғотӣ мебаранд ва   кадом хӯрокҳои тоҷикиро  меписанданд?Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдумаҷид Раҳимов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, ки  “сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ду ҷодаи ба ҳам пайванд ҳисобида мешаванд. Имрӯзҳо  дар вилоят баҳри муаррифии мавзеъҳои мафтункунандаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои хос дастии мардуми тоҷик ва ҳамчунин тарғибу ташвиқи дастовардҳои ин соҳа тадбирҳои муассир роҳандозӣ гардида истодаанд.

Аз ҷумла, дар заминаи тармиму таҷдиди инфрасохтор, омода намудани маводи иттилоотӣ, қабулу роҳбаладии сайёҳон ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ дохиливу берунӣ тадбирҳои судманд андешида шуда, баҳри қабули меҳмонон хатсайрҳои дохилӣ низ ташкил карда шудаанд. Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», Мақбараи шайх Муслиҳиддин (а.XIV), калонтарин бозори шакли пӯшида дар Осиёи Миёна- «Панҷшанбе», хатсайрҳои «Хуҷанд-Душанбе-Ҳисор», «Хуҷанд-Истаравшан-Айнӣ-Искандаркўл», «Хуҷанд-Панҷакент-Саразм-Ҳафткўл», «Панҷакенти бостонӣ», «Зебогии кўҳҳои Шаҳристон», «Душанбе-пойтахти Тоҷикистон» мисоли равшани ин гуфтаҳоянд”.

Инчунин ифтитоҳи меҳмонхонаи 10-ошёнаи овозадори «Суғдиён», воқеъ дар соҳили рӯди Сир, бунёди роҳи танобӣ ба масофаи як км аз болои дарёи Сир,  сохтмони боз як осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ барои 1000 нафар дар минтақаи Шӯркӯли соҳили «Баҳри тоҷик», бунёди инфрасохтори замонавӣ дар осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфара ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо расадхона ва даҳҳои дигар бешак, дар рушди соҳаи сайёҳии вилоят заминаи хуб мегузоранд.

Сайёҳон аз Суғди бостон бо худ чӣ савғотӣ мебаранд ва   кадом хӯрокҳои тоҷикиро  меписанданд? Сайёҳон аз Суғди бостон бо худ чӣ савғотӣ мебаранд ва   кадом хӯрокҳои тоҷикиро  меписанданд?

Барои муаррифӣ ва иттилоотонии сайёҳон харитаи сайёҳӣ ва сомонаи сайёҳии вилоят низ бо 5 забон омода гардида, китоби раҳнамои сайёҳии вилоят «Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ” ва маҷаллаи «Tajikistan`s Guide», фитта ва буклетҳо бо се забон аз чоп бароварда шуданд.

Ғайр аз ин, бо назардошти имкониятҳои васеи мавзеъҳои зиёди табииву нотакрору диққатҷалбкунанда аз ҷониби ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри ҷалби ҳарчи бештари теъдоди сайёҳони хориҷӣ пешниҳоди намудҳои гуногунӣ сайёҳӣ, ба мисли қаиқронӣ, аспсаворӣ, кӯҳнавардӣ, экологӣ, соҳилӣ ва табобатӣ низ дар назар аст.

Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj