Сафири Тоҷикистон аз устони Систон ва Балуҷистони Эрон дидан кард

0
206

Сафири Тоҷикистон аз устони Систон ва Балуҷистони Эрон дидан кард

ДУШАНБЕ, 06.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ 1 январи соли 2020 ба устони Систон ва Балуҷистони Эрон сафари корӣ анҷом дод, ки ҳадаф аз он баррасии масъалаҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва огоҳӣ аз вазъи будубоши ҳамватанони мо дар ин минтақа иборат буд.  

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот бо муовини Раиси устони Систон ва Балуҷистон Алии Зайниванд ҷонибҳо доир ба  тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии дуҷониба ва нақши бандари Чобаҳор дар ин раванд табодули назар намуданд. Ҳамзамон зарурати истифода аз имконоти ду давлат дар соҳаи гардишгарӣ таъкид гардид.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо сарвари ҳавзаи илмии аҳли суннати  устони Систону Балуҷистон, имоми ҷумъаи масҷиди Маккии  Зоҳидон ва раиси Дорулулуми Маккии ин шаҳр  мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ мулоқот кард. Зимни он масъалаи мутобиқати  таҳсили динии шаҳрвандони тоҷик дар мадрасаҳои ҳавзаи илмии устони Систону Балуҷистон ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар идомаи сафари корӣ вохӯрии Сафир бо толибилмони тоҷики мадрасаи Маккӣ доир гардид, ки дар рафти он роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо ишора ба дастовардҳои кишварамон дар татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии Пешвои миллат, зарурати пайвастани толибилмони мадрасаи мазкурро, ки ба тариқи ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд, ба раванди созандагиву бунёдкорӣ дар Ватан таъкид намуд.

Дар фарҷоми сафари корӣ нишасти Сафир бо аъзои Утоқи бозаргонӣ, тиҷорат, саноат ва маодини устони Систону Балуҷистон баргузор гардид. Дар он оид ба зарфияту тавонмандиҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва транзитии устони мазкур ва Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифта, мулоҳизаву пешниҳодоти судманд ҷиҳати роҳандозии муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ садо доданд.

Акс аз ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj