Сафири Қирғизистон Жаниш Рустенбеков ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуд

0
106

Сафири Қирғизистон Жаниш Рустенбеков ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуд

ДУШАНБЕ, 09.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба ҳодисаи сарҳадӣ, ки 8 майи соли 2020 дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, 9 майи соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Жаниш Рустенбеков ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба сафир ёддошти эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалҳои иғвогаронаи шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон, ки ба ҳодисаи мусаллаҳона оварда расонд, супорида шуд. Ба ӯ иттилоъ дода шуд, ки сабаби рух додани ин ҳодиса тирандозии ҳадафмандона аз ҷониби як шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон ва инчунин амалҳои минбаъдаи марзбонони қирғиз буда, воҳидҳои марзбонии Тоҷикистонро маҷбур сохтанд, ки чораҳои ҷавобӣ андешанд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи амали ғайриқонунии шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбии кишвари ҳамсоя ду шаҳрванди Тоҷикистон сахт маҷруҳ шуда, ҳоло дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Зимни суҳбат масъулияти пурраи ташаннуҷи вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба дӯши ҷониби Қирғизистон гузошта шуд. Қатъ кардани амалҳои иғвогарона бо истифодаи яроқи оташфишон , инчунин таҳқиқи амиқи ин ҳодиса ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон талаб карда шуд.

Вазорати корҳои хориҷӣ бо ҷалби таваҷҷуҳ ба инъикоси иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, қобили қабул набудани алоқамандии ҳодисаро бо мавзуъҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва моҳи шарифи Рамазон ишора карда, ба якҷоя ба таври назаррас гиромӣ доштани ҷашни муштарак ва хотираи собиқадорони бузург даъват менамояд.

Источник: khovar.tj