Сафир арзон мегӯяду мардум қимат: нархи чиптаи парвоз ба Тоҷикистон чӣ қадар аст?

0
84

Сафир арзон мегӯяду мардум қимат: нархи чиптаи парвоз ба Тоҷикистон чӣ қадар аст?

Пас аз боз шудани равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия, мардумро арзиши гарони чиптаи ҳавопаймоӣ нигарон кардааст

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар замони пандемияи коронавирус дар Русия дармонда буданд ва акнун бо пиёда гардидани парвозҳои чартерӣ хоҳиши ба ватан рафтанро доранд. Аммо нархи гарони чипта мардумро нигарон намудааст.

Давоми чанд рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксар корбарон нархи чиптаи парвоз самти Русия Тоҷикистонро аз 35 то 40 ҳазор рубл арзёбӣ мекунанд, ки барои муҳоҷирони тоҷик ниҳоят гарон аст.

Аммо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторӣ мегӯяд, нархи чиптаи парвоз на 35 – 40, балки 23 – 24 ҳазор рубл аст.

Вай таъкид кардааст, ки ин нарх дар муқоиса бо солҳои пеш ва даврони қабл аз густариши маризии коронавирус гаронтар аст, зеро ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҷбуранд барои ҷуброни хасорати қатъи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия ва пардохти маоши коркунони хеш нархи чипта дар масири Маскав ба Душанберо боло баранд.

Зимнан, тоҷикистониён дар Русия барои харид кардани чипта низ мушкилӣ мекашанд, зеро сафи хоҳишмандони сафар ниҳоят зиёд аст.

Хушназар ном як ҷавони тоҷик, ки давоми чор сол дар муҳоҷират қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, феҳрати нафарони дар навбат буда бисёр тӯлонӣ аст.

“Чанд рӯз пеш ба сафорати Тоҷикистон дар Русия рафта будам, бо дидани шумораи зиёди одамон ба хулоса омадам, ки навбати ман шояд тирамоҳ мерасад”, – бо таассуф изҳор дошт ӯ.

Бар асоси барномаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон то рӯзи 14 июли соли равон ду ширкати Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр бо ҳашт парвози  фавқулода садҳо коргари муҳоҷири бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои ононро ба ватан бармегардонанд.

Источник: sputnik-tj.com