Сафари корӣ ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

0
129

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошкент ба номи Ислом Каримов Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Источник: president.tj