Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон

0
37

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Источник: president.tj