«САДДИ ОТАШ». Таҳти ин ном Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба ҷашнҳои сиёсию таърихии мамлакат балети нав рӯи саҳна мерад

0
153

«САДДИ ОТАШ».    Таҳти ин ном Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида  ба ҷашнҳои сиёсию таърихии мамлакат  балети нав рӯи саҳна мерад

ДУШАНБЕ, 19.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи композиторони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли 2020 бахшида ба ҷашнҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва ҷашни байналмилалии Наврӯз балети «Садди оташ»-и  Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, композитор Қудратулло Яҳёзода ба намоиш гузорад. Тасмими мазкур имрӯз зимни ҷаласаи якҷояи Раёсати Иттифоқи композиторон ва Шӯрои мусиқӣ, ки масъалаҳои омодагӣ ба ин ҷашнҳоро баррасӣ кард, гирифта шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низом иттилоъ дод.

Бояд тазаккур дод, ки балети «Садди оташ» аз 1 парда ва 4 намоиш иборат буда, ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷод гардидааст.

Балети мазкур аз ҷониби Шӯрои мусиқии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қабул гардида, барои саҳнавӣ гардидани он қарори дахлдор қабул гардид.

«САДДИ ОТАШ».    Таҳти ин ном Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида  ба ҷашнҳои сиёсию таърихии мамлакат  балети нав рӯи саҳна мерад

ДАР АКС: оҳангсоз Қудратулло Яҳёзода ҳангоми кор.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин самтҳои фаъолият ва эҷоди асарҳои муосири миллӣ, баланд бардоштани мақоми мусиқии касбии тоҷик дар ҷомеаи муосир, мусоидат дар ташаккули муҳити муосири  фарҳангӣ, тарғиби равияҳо ва ҷараёнҳои муосири санъати касбии тоҷик ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи мусиқии касбӣ аз ҷониби иштирокдорон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки то баргузории ҷашнҳои таърихӣ дар соли 2020 оҳангҳои наву мукаммали композиторони Тоҷикистон омода ва пешниҳод мегарданд.

Источник: khovar.tj