Сад ҳазор сомонӣ ва 5000 ниқоби Вазорати дифоъ: мубориза бо COVID – 19

0
38

Сад ҳазор сомонӣ ва 5000 ниқоби Вазорати дифоъ: мубориза бо COVID - 19

То ин давра аз ҷониби ин соҳтори қудратӣ дар кӯчаву хиёбонҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои санитариву гигиенӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Бунёди хайриявии мубориза бар зидди бемории COVID-19 қариб 100 ҳазор сомонӣ гузарондааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён хабар медиҳад.

Ба гуфти Нозимиён, Вазорати мазкур дар радифи дигар сохторҳои мамлакат ҷиҳати пешгирӣ аз сироят наёфтани шаҳрвандони мамлакат ба бемории COVID-19 тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

То ин давра аз ҷониби ин соҳтори қудратӣ дар кӯчаву хиёбонҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои санитариву гигиенӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд.

“Инчунин бо мақсади сироят наёфтан аз ин беморӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фарҳангӣ беш аз 5000 ниқоби тиббӣ ба сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт тақсим гардида, раванди тақсимоти ниқобҳои тиббӣ аз ҳисоби захираи ин ниҳоди қудратӣ идома дорад”, – омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, тадбирҳое, ки  аз ҷониби Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо  ва афсарони ҳама навъҳои қӯшунҳо роҳандозӣ мегарданд, танҳо ба хотири солимии тамоми сокинони мамлакат нигаронида шудаанд.

Источник: sputnik-tj.com