Сабабҳои ба амал омадани сӯхтор дар «Шарқи озод» муайян карда мешаванд

0
41

Сабабҳои ба амал омадани сӯхтор дар «Шарқи озод» муайян карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ошёнаи ёздаҳуми бинои Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри «Шарқи Озод» сӯхтор ба амал омад.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, сӯхтор тақрибан соати 10:30 сар зада, кормандони Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ онро зуд хомӯш намуданд.

«Шарқи Озод» корхонаи тобеи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар кӯчаи Саъдӣ Шерозии шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Мақомоти дахлдор сабаби сар задани сӯхтор ва хисороти расонидаи онро муайян намуда истодаанд.

Источник: khovar.tj