Саҳми занону духтарони ихтироъкор дар соҳаи илм меафзояд

0
239

Саҳми  занону  духтарони ихтироъкор дар соҳаи илм меафзояд

ДУШАНБЕ, 23.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Миёни тамоми илмҳо, илми табиатшиносӣ мавқеи хос дорад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат бо дарки он, ки барои таҳлилу баррасии мавзӯъҳои илмӣ ва аз худ кардани донишҳои мукаммал як ё ду солро бахшидан нокифоя аст, солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» эълон намуданд.

Вазъи кунунии омӯзиши илмҳои табиатшиносию дақиқ дар кадом сатҳ қарор дорад ва дар пайравӣ ба ин пешниҳоди Пешвои миллат кадом тадбирҳоро андешидан зарур аст, то ҳарчи зудтар ба ин ҳадаф ноил гардем? Посух ба ин савол тарбия намудани кадрҳои баландихтисос дар ҳамин соҳаҳо мебошад. Имрӯз олимону олимаҳо, муҳаққиқон ва ихтироъкорони тоҷик  низ доир ба илмҳои дақиқ кор карда истодаанд ва сафи онҳо дар ҷомеа пайваста меафзояд.

Саҳми  занону  духтарони ихтироъкор дар соҳаи илм меафзояд

Меҳринигори Булбулназар

Яке аз чунин олимаҳои ҷавон Меҳринигори Булбулназар мебошад, ки соли гузашта дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар 12-умин намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занони ихтироъкор  иштирок намуда, соҳиби медал ва ҷоизаҳои байналмилалӣ гардид.

Номбурда докторанти РhD-и факултаи билогияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба сифати корманди кафедраи химияи  факултети муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият дорад.

“Ман ҳамчун докторант дар мавзӯи “Тарзи ҳосил кардани ранг аз маводи растанӣ” оид ба пайвастагиҳои узвҳои пахта тадқиқот бурда истодаам. Ин бори  аввал аст, ки мо реша, поя ва ғӯзаи пахтаро гирифта, чен карда, то 3-5 мм онҳоро барчида, то 9 грамм баркашидем. Баъд дар ҳарорати 70 -80 дараҷа дар муддати 2 соат ранг  ҷудо гардид, ки онро гирифта, филтр кардем, то хунук шавад. Дертар онро гирифта, дар як матоъ молида, дар об шустем, аммо ранг тоза нашуд, яъне сифаташ хуб буд”.

Номбурда зикр кард, ки барои бо сифати хуб истеҳсол намудани ашёи пахтагин бояд аз чунин рангҳо истифода намуд. Ӯ гуфт, ки  “дар оянда мо мехоҳем ин ихтироотро ба корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ, хусусан корхонаҳое, ки матои пахтагин мебароранд, тавсия диҳем, то аз ранги табиӣ истифода карда, маҳсулоти босифати бозоргир истеҳсол намоянд”.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи чоруми стратегии мамлакати мо саноатикунонии ҷумҳурӣ мебошад.

Эълони «Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» ҷавононро ҳавасманд месозад, то  ихтирою навовариро зиёдтар карда, онро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он муаррифӣ намоянд ва дар саноатикунонии мамлакат саҳми худро гузоранд.

София ШОИК,
АМИТ “Ховар”

Источник: khovar.tj