Саҳми мақомоти қудратӣ дар таъмини амнияти сайёҳон назаррас аст

0
139

Саҳми мақомоти қудратӣ дар таъмини амнияти сайёҳон назаррас аст

ДУШАНБЕ, 21.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Саҳми мақомоти қудратӣ дар таъмини амнияти сайёҳони дохилию хориҷӣ назаррас буда, таъмини истироҳату саёҳати бехатари сайёҳон ҳамеша зери таваҷҷуҳи хос қарор дорад. Ин нукта зимни ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ, ки имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар мавзӯи «Саҳми мақомоти қудратӣ дар таъмини бехатарии сайёҳони дохилию хориҷӣ» доир шуд, зикр гардид.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода доир ба саҳми Артиши миллӣ дар таъмини амнияти сайёҳони дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, гуфт, ки имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-умин солгарди таъсиси Артиши миллиро, ки дар ин давра ба як неруи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегиранд.

Саҳми мақомоти қудратӣ дар таъмини амнияти сайёҳон назаррас аст«Дарвоқеъ, саҳми мақомоти қудратӣ дар таъмини амнияти сайёҳони дохилию хориҷӣ бузург буда, таъмини бехатарии сайёҳон зери таваҷҷуҳи хос қарор дорад», — илова намуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2018 инҷониб бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи милитсияи сайёҳӣ фаъолият мекунад. Ҳамкорӣ ва робитаи мустақим миёни ин шуъба ва ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар таъмини дархостҳои сайёҳон саҳми бориз дорад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар ҳамоиш дар баробари роҳбарияти Кумита, намояндагони вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва устодону донишҷӯёни риштаи сайёҳии муассисаҳои олии таълимӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорон оид ба нақши Артиши миллӣ дар пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ ва иқдомҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат дар самти таъмини зиндагии шоиста ва устувор гардидани иқтидор ва нуфузи давлат ибрози назар намуданд.

Источник: khovar.tj