Рустами Эмомалӣ маблағи зарари расондаи бабри барфиро пурра ҷуброн намуд

0
214

Рустами Эмомалӣ маблағи зарари расондаи бабри барфиро  пурра ҷуброн  намуд

ДУШАНБЕ, 06.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Зимистони имсол бабри барфӣ 132 сар​ чорвои мардумро дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нобуд кард. Бо ташаббуси  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маблағи зарари расондаи бабри барфӣ пурра ҷуброн гардид. Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ​ ба ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим ​ ва водии Бартанг сафар намуда, маблағи мазкурро дастраси зарардидагон гардонид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ВМКБ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, аҳолии зарардидаи вилоят  аз ин дастгирии Рустами Эмомалӣ ​ хушҳол  гардида, изҳори миннатдорӣ намуданд.

«Ин бори аввал нест, ки Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ба мардуми баландкӯҳи ВМКБ  дасти ёрӣ  дароз  менамояд.  Бо дастури Рустами Эмомалӣ Ассотсиатсияи шикорчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои дароз бошандагони ноҳияи Мурғобро бо сӯзишворӣ  ва маводи хӯрокӣ таъмин менамояд. Бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе тобистони соли гузашта зиёда аз   200 нафар  наврасони вилоят  дар лагерҳои фароғатии   ноҳияи Варзоб истироҳат намуданд. Ҳамчунин  соли гузашта, вақте ки ғафсии барф дар шаҳри Хоруғ ба 1.5 метр расид,  Рустами Эмомалӣ барои тоза кардани роҳҳои шаҳр  ду техникаи гаронарзиш такдим намуд»,-афзуд манбаъ.

Ба гуфти масъулини вилоят, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кумаки Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ давоми  солҳои 2018 -2019 дар шаҳри Хоруғ се майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки  озодапаланг аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон маҳсуб шуда, ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудааст. Дар ҷумҳурӣ  ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар шарқи Бадахшон ҷойгир аст. Ин ҳайвони нодир дар баландиҳои то 5 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам баландтар сукунат дорад. Ин ҷонвар ба сардии ҳаво тобовар аст, аз ин рӯ онро бабри барфӣ ном​ мебаранд.

Аммо баъзан ба иллати сербарфӣ  ё дар ҳолати пирӣ,  ки дигар қувваи шикор кардан надорад,  ​ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ мефарояд.

Чанд соли охир озодапаланг ба маҳалҳои аҳолинишин фаромада,  зиёда аз 280 сар чорвои хурдро нобуд кард.  Вале мардум онро бо эҳтиёт дастгир намуда, ба ихтиёри кормандони соҳаи ҳифзи табиат супориданд. Фақат дар​ се ​ моҳи охир 4 сари он дастгир карда шуд ва ба макони махсус, ки аз тарафи ҷамъияти «Барс» ташкил  гардидааст, интиқол дода шуданд.

Тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шикори ғайриқонунии озодапаланг 9 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардидаст.

Источник: khovar.tj