Рустами Эмомалӣ бо Ян-Петер Олтерс мулоқот намуд

0
174

Рустами Эмомалӣ бо Ян-Петер Олтерс мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 05.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ян-Петер Олтерс мулоқот намуд. Дар мулоқот  масъалаҳо доир ба Лоиҳаи нави обтаъминкунии сокинони пойтахт, ки амалишавиии он  солҳои 2020 – 2024 муқаррар гардидааст, бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор мукааб метр дар як шабонарӯз, сохтмони «Иншооти обтозакунии Варзоб»  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маҳаки асосии  мулоқотро масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ ташкил дод.

Ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанберо, ки дар доираи он беш аз 50 фоизи сокинон бо оби ошомидании босифат таъмин шуданд, мусбат арзёбӣ карданд.

Рустами Эмомалӣ бо Ян-Петер Олтерс мулоқот намуд Рустами Эмомалӣ бо Ян-Петер Олтерс мулоқот намуд

Дар ҷараёни мулоқот тазаккур дода шуд, ки бо дарназардошти ҳалли мушкилоти таъмини муназзами оби ошомиданӣ барои сокинони пойтахт ва рафъи партовобҳо Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ аз ҷониби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар якҷоягӣ бо мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ ва корезии Душанбе таҳия гардидааст.

Муҳлати амалисозии Лоиҳа солҳои 2020 – 2024 муқаррар гардида, мавзеи фарогирии он қисмати шимолу ғарбии шаҳри Душанбе (ноҳияи Сино) мебошад.

Тарафҳо  ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партовобҳо атрофи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ табодули назар намуданд.

Дар  ин робита, масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор мукааб метр дар як шабонарӯз   ва сохтмони «Иншооти обтозакунии Варзоб» муҳокима гардид.

Ҷонибҳо қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкориро дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ идома дода,  Лоиҳаҳои нави муштаракро  дар соҳаи корезию обтозакунии шаҳри  Душанбе роҳандозӣ мекунанд.

Источник: khovar.tj