Рустами Эмомалӣ барои ҳавасманд намудани занони фаъоли шаҳри Душанбе 3 миллиону 192 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд

0
56

Рустами Эмомалӣ барои ҳавасманд намудани занони фаъоли шаҳри Душанбе 3   миллиону  192  ҳазор  сомонӣ  ҷудо намуд

ДУШАНБЕ, 03.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳри Душанбе  3   миллиону  192  ҳазор  сомонӣ  маблағ  ҷиҳати ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии  шаҳр, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳр  ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷудо гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд,  ин иқдом  чун анъана бахшида ба Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии «Наврӯз» роҳандозӣ гардидааст.

Рустами Эмомалӣ  масъулинро вазифадор намуд, ки то 7 марти соли 2020 ҷиҳати дар фазои тантанавӣ дастрас гардонидани маблағҳои ҷудошуда ба бонувони зикршуда  тадбирҳои  зарурӣ андешанд.

Источник: khovar.tj