Рушди устувори тамоми соҳаҳо аз самаранокии идораи давлатӣ вобаста аст-бардошт аз конференсияи байналмилалӣ

0
143

Рушди устувори тамоми соҳаҳо аз самаранокии идораи давлатӣ вобаста аст-бардошт аз конференсияи байналмилалӣ

ДУШАНБЕ, 08.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи  идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷаҳони муосир» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмӣ таъкид гардид, ки рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии идоракунии давлатӣ вобастагӣ дорад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки конференсияи байналмилалии илмиро ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода  ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Номбурда иброз дошт, ки  Бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми  ҳар як давлат буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст.

«Дар мамлакати мо зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб ва корҳои  муҳиму шоиста нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва ҳидоятгари ҷавонони дорои неруи азими зеҳниву ҷисмонӣ баҳри иштирок дар раванди фаъолияти пурмаҳсули давлатсозӣ бениҳоят арзишманд мебошад»,-илова намуд  Абдухалил Ғафурзода.

Инчунин зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Таъсиси Академияи идоракунӣ ба омодагии сифатан беҳтари касбии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мусоидат хоҳад кард. Ин иқдом метавонад инчунин ба ташкили боз ҳам васеътари давраҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ташкили таҳқиқоти бунёдӣ оид ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Муовини аввали директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода доир ба ташаккули низоми самараноки идоракунии давлатӣ ҷиҳати таъмини банақшагирии стратегӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба масъалаҳои идоракунии давлатӣ ва такмили низоми он, аз ҷумла таъмини устувории ҳайати шахсӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ибрози андеша намуд.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Қазоқистон Ерлан Абил доир ба самтҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷаҳони муосир андешаҳояшро баён намуда, зикр кард, ки  «ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро бо ташаббусҳои наҷибонаи Президент муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар самти об мешиносад ва эътироф мекунад.    Мояи хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо пешниҳоди ин сиёсатмадори барҷаста Донишкада ба Академия табдил дода шуд».

Дар ҳамоиши илмӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Беларус Геннадий Палчик, муовини аввали директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Қазоқистон Ерлан Абил, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Қирғизистон Алмазбек Акматалиев, Роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ Макс Георг, намояндагони иститутҳои Академияи идоракунии давлатӣ ва хоҷагии халқи назди Президенти Федератсияи Россия, сафоратҳои Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-тадқиқотии дохил ва хориҷи мамлакат иштирок намуданд.

Дар доираи он иштирокчиён масъалаҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҷаҳони муосир, масъалаҳои таҳсили хизматчиёни давлатӣ, самтҳои афзалиятноки такмили идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ ҳамчун самти афзалиятноки хизмати давлатӣ, коркарди консепсияҳои нави идоракунии давлатӣ, таҳияи стандартҳои хизматрасонии давлатӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, коркард ва татбиқи қарорҳои идоравӣ: ҳолат, дурнамо ва арзёбӣ, стратегия ва тактикаи таҳияи рушди идоракунии давлатӣ дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар назар аст, ки баъди кори конференсия саммити ректорони академияҳои идоракунии давлатҳои Осиёи Марказӣ  баргузор гардад. Дар он ректорон ва намояндагони академияҳои идоракунии давлатҳои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ анҷом дода, оид ба ҳамкории минбаъда созишнома ба имзо мерасонанд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj