Роғун: масъулин ваъда доданд, ки мушкилии хунук будани синфхонаҳои се муассисаи таълимӣ бартараф мешавад

0
171

Роғун: масъулин ваъда доданд, ки мушкилии хунук будани синфхонаҳои се муассисаи таълимӣ  бартараф мешавад

РОҒУН, 14.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд зимни нишасти матбуотӣ аз роҳбарияти шаҳри Роғун сабаби  дар синфхонаҳои хунук дарс хондани зиёда аз се ҳазор хонандагони  се муассисаи таълимии шаҳрро пурсон шуд. Масъулин дар посух гуфтанд, ки дар ҳақиқат гармкунакҳои барқӣ ба масоҳати синфхонаҳо мувофиқ  нестанд ва ваъда доданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун нисбат ба ин мушкилӣ тадбири зарурӣ  меандешад. Имсол буғхонаҳои ин се муассисаи таълимӣ  барқарор  карда мешаванд.

Роғун: масъулин ваъда доданд, ки мушкилии хунук будани синфхонаҳои се муассисаи таълимӣ  бартараф мешавадСоли 2019 дар шаҳри Роғун дар арафаи ҷашнҳои миллию таърихӣ аз ҳисоби буҷет ва соҳибкорон  Маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ, буғхонаи муассисаҳои таълимии рақами 5 ва 22,  меҳмонхона, чойхона ва утоқҳои корӣ, 5 истгоҳи замонавӣ бо мағозаҳо, корхонаи коркарди обҳои ташнагишикан, маркази савдо ва тарабхона,  9  синфхонаи иловагӣ ва дигар иншоот сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ҷиҳати дарёфти сармояҳои хориҷӣ  давоми соли 2019 6 адад лоиҳа дар соҳаи кишоварзӣ ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ пешниҳод гардид, ки бо амалӣ шудани онҳо пешбурди зиндагии шоистаи мардуми маҳал таъмин мегардад. Ҳамчунин баҳри сохтмони  сардхона ва фермаи чорводорӣ соли сипаригардида ба хоҷагидорон қитъаҳои замин ҷудо  гардид, ки онҳо дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода мешаванд.

Источник: khovar.tj