«Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё КОВИД-2019» ба нашр расид

0
120

«Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё КОВИД-2019» ба нашр расид

ДУШАНБЕ, 25.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (ДКМТ) дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз ҷониби мутахассисони варзидаи ин даргоҳ дастури машваратие таҳти унвони «Роҳнамо барои ҳимоя аз коронавирус ё худ КОВИД-2019» бо забони русӣ ба нашр расид.

Дастури машваратӣ  хеле ҷолиб, муфид ва дар шароити кунунӣ барои ҷомеа зарурӣ мебошад. Дар дастури мазкур роҳҳои ҳимоя намудани худ аз вирусҳо ва эҳтиёт аз мубталошавӣ ва ҳамзамон таҷрибаи гиёҳҳои шифобахш дар ҳолатҳои фишорбаландӣ ва сармохӯрдагӣ ба тафсил шарҳ дода шудааст, ки барои хонандагон ва донишомӯзон роҳнамои хубе хоҳад буд.

Тавре аз шуъбаи иттилооти  ДКМТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тартибдиҳандагони ин дастури ҳимоявӣ ё роҳнамо барои пешгирӣ аз коронавируси нав Сун Даман-профессори Донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи нафти Чин ( Хуадун) ва Жен Гентян –директори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки дастури мазкур зери таҳрири профессори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Зафар Розиқов ба нашр омода гардидааст.

Профессор Зафар Розиқов мегӯяд, ки «дигар замоне фаро расидааст дар канори ҳамдигар бошем ва вазъияти баамаломадаро пешгирӣ намоем. Зеро коронавирус ё пандемияи (КОВИД-2019) ҳоло ҷаҳонро ба вазъияти буҳронӣ овардааст ва ҳар яки мо бояд барои пешгирӣ аз чораҳои эҳтиётӣ кор бигирем…».

Феълан дастури мазкур ба донишҷӯён ва доираи васеи  омӯзгорон тақдим гардидааст.

Источник: khovar.tj