Роҳбарияти фурудгоҳи Бохтар азм доранд ба Чину Қазоқистон хати парвоз кушоянд

0
151

Роҳбарияти фурудгоҳи Бохтар азм доранд ба Чину Қазоқистон хати парвоз кушоянд

Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар мегӯяд, тасмим доранд дар ояндаи наздик парвозҳоро самти кишварҳои Чин ва Қазоқистон ба роҳ монанд

Фарҳод Абдурашидзода мудири Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар мегӯяд дар садади кушодани хати парвоз ба Чину Қазоқистон қарор доранд.

Абдурашидзода дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ изҳор доштааст.

Ба гуфтаи ӯ Фурудгоҳи Бохтар пас аз сукути чанвақта аз соли 2018 ба фаъолият шурӯъ кард ва феълан давоми як ҳафта  4-5 маротиба парвозҳо самти Маскавро анҷом медиҳад.

Зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар аз Фонди дастгирии соҳибкорон барои дароз кардани хати парвоз 7 миллион сомонӣ ихтисос дод ва акнун хати парвоз ба 165 метр дароз карда шудааст.

Абдурашидзода афзудааст, ки айни замон хати парвоз 2 450 метрро ташкил медиҳад ва дар ояндаи онро боз ҳам дарозтар хоҳанд кард.

Источник: sputnik-tj.com