Раванди раъйдиҳӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа

0
48

Раванди раъйдиҳӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа

ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 март дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа қитъаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз соатҳои авввали кушода шудани қитъаҳои интихоботӣ маъракаи  муҳими сиёсӣ дар ҳаёти мамлакат-интихобот бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандон оғоз гардид.

Дар сафоратҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ барои иштироки шаҳрвандони мамлакат дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳайё гардидааст.

Ба мақсади таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандоне, ки муваққатан ё ба таври доимӣ берун аз кишвар қарор доранд, дар 39 муассисаи дипломативу консулии Тоҷикистон дар Австрия, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Беларус, Белгия, Британияи Кабир, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Кувайт, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Малайзия, Миср, Озарбойҷон, Германия, Покистон, Россия, Туркия, Туркманистон, Украина, Ӯзбекистон, Франсия, Ҳиндустон, Чин, Ҷумҳурии Корея, Швейтсария, Эрон ва Япония қитъаҳои интихоботӣ таъсис шудаанд.

Шахсоне, ки синнашон ба 18 расидааст ва дорои шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд, метавонанд ба қитъаи интихоботӣ ҳозир шуда, мавқеи шаҳрвандии худро баён кунанд.

Дар хориҷа кори қитъаҳои интихоботӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ идома хоҳад ёфт.

Акс аз ВКХ ҶТ

Источник: khovar.tj