Рамазон Раҳимзода: «Тамоми ҳайати ВКД барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми интихоботи Маҷлиси намояндагон ҷалб мегарданд»

0
90

Рамазон Раҳимзода: «Тамоми ҳайати ВКД барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми  интихоботи Маҷлиси намояндагон ҷалб мегарданд»

ДУШАНБЕ, 17.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тамоми ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми  интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2020  доир мегардад, ҷалб карда мешаванд. Дар ин бора 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода сухан гуфт.

«Ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон омодагии ҷиддӣ ҷараён дорад. Барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ нақшаи махсус таҳия шуда, комиссияи байниидоравӣ таъсис ёфтааст, ки имрӯз кори худро оғоз мекунад. Итминон дорам, ки интихоботи дарпешистода дар фазои ором баргузор хоҳад шуд»,-чунин изҳори боварӣ намуд Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода.

Вазири корҳои дохилии мамлакат ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 160 нафар иштирокчиёни созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шуданд. Миёни онҳо-аъзои гурӯҳҳои дар ҷумҳурӣ мамнӯъгардидаи «Бародарони мусалмон» («Ихвон-ул-муслимин»), ҳаракати «Толибон» ва Ҳизби наҳзати исломӣ буданд.

Рамазон Раҳимзода: «Тамоми ҳайати ВКД барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми  интихоботи Маҷлиси намояндагон ҷалб мегарданд»

Ғайр аз он, бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тақрибан 250 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар амалиёти ҷангӣ дар дигар кишварҳо иштирок кардаанд, ихтиёран ба ватан баргаштанд.

Рамазон Раҳимзода дар бораи вазъи ҷинояткорӣ ва мубориза бо ҷиноятҳо дар ҷумҳурӣ муфассал маълумот дода, зикр кард, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21 946 ҷиноят (дар соли 2018 -21957) ба қайд гирифта шудааст. Сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 83,5% -ро ташкил дод (соли 2018-82,3%). Аз инҳо 11309 ё 62% ҷиноятҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шуда, фоизи ошкоршавӣ 90% -ро ташкил медиҳад (2018-90.0%).

Соли 2019 90 далели куштор, 126 — расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 46 — таҷовуз, 28 — ғоратгарӣ, 5 — одамфурӯшӣ, 140 – ғоратгарӣ, 1139 — авбошӣ, 2294 — қаллобӣ, 5328 — дуздӣ, 32 — тамаъҷӯӣ ва ғайраҳо ба қайд гирифта шуданд.

Источник: khovar.tj