Раиси вилояти Суғд бо намояндагони Академияи илмҳои Беларус мулоқот кард

0
151

Раиси вилояти Суғд  бо  намояндагони Академияи илмҳои Беларус мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори Институти боғпарварии Беларус Александр Таранов ва  намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Беларус, ки бо сафари корӣ дар ин вилоят қарор доранд, мулоқот кард. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ Раҷаббой Аҳмадзода оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2019 маълумот дода, гуфт, ки онҳо ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдориву сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Иброз гардид, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола майдони боғу токзор дар вилоят васеъ ва кишти картошка зиёд карда мешавад.

«Дар доираи ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд иншооти зиёд, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои замонавӣ, мактабу кӯдакистон, боғҳои фарҳангӣ ба истифода дода шуда, бори аввал дар вилояти Суғд Иди картошка таҷлил мегардад»,- иброз дошт раиси вилоят.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода даъват ба амал овард, ки бо иштироки намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Беларус дар вилоят семинари омӯзишӣ гузаронида шавад.

Ҳайати меҳмонон дар шаҳру навоҳии вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, боғу токпарварон, картошкапарварон ва дигар деҳқонон, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳм мегузоранд, шинос мешаванд.Зеро истифодаи таҷрибаҳои пешрафта ва табодули таҷриба ба рушди соҳа заминаи мусоид  мегузорад.

Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки  ҳамкории олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Беларус бо  дигар мутахассисони соҳа хуб ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои он назаррасанд.

Бино ба иттилои манбаъ, директори Институти боғпарварии Беларус Александр Таранов, ки бори нахуст ба вилояти Суғд омадааст, аз меҳмоннавозӣ, ободиву созандагӣ дар ин вилоят изҳори хушнудӣ намуда, зикр намуд, ки барои густариши робитаҳои судманд нақшаҳо тарҳрезӣ гардида, дар амал тадбиқ мешаванд.

Источник: khovar.tj